ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ТАРМАҲОИ НАВ ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР РӮЗҲОИ 27-29 ФЕВРАЛ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро аз хатари селу тармаҳои нав дар се рӯзи охири моҳи феврал ҳушдор дод ва аз ҳама хост, ки дар ин рӯзҳо ах ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва ба маҳалҳои офатзо сафар накунанд.

Дар иттилоия гуфта мешавад, ки бар асоси пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои 27-29 феврали соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳистон ва кӯҳдомани тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон хатари фурӯ рехтани тармаҳои нав побарҷо буда, бар асари боришоти ахир дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳдомани вилояти Хатлон метавонад сел биояд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 26 феврал дар аксари шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар водиҳо барфи сахт борид.

Тарма як офати табиии хатарнок буда, соли 2023 дар Тоҷикистон 135 тарма фурӯ рехта, боиси зери барфи тарма мондани чандин нафар шудааст.

Ба тозагӣ хабар расид, ки рӯзи 26 феврали соли 2024 дар дараи Жиргалани вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон чор сайёҳе, ки аз ҷумҳурии аврупоии Чехия барои лижаронӣ ба инҷо омада буданд, зери тарма монда, ҳалок шудаанд.

Дар робита ба бад шудани вазъи обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки тамоми чораҳои бехатариро риоя кунанд.

Аз сокинон хоста мешавад, ки барои пешгирӣ аз оқибатҳои ногувори сел селпартоҳоро аз партовҳо тоза карда, дар ин рӯзҳо аз рафтан ба ҳезумчинӣ, моҳигирӣ, шикор ва чаронидани чорво дар минтақаҳои офатзову хатарнок худдорӣ кунанд.

Кумита ҳамчунин ба самъи ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ, аз ҷумла дӯстдорони сафар ба кӯҳистон бо мошину мотосикл ё дучарха мерасонад, ки дар  ин рӯзҳо техникаи бехатарӣ, ҳамчунин суръат ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати  IRS рӯзи 27 феврали соли 2024 бо нашри чанд видео хабар дод, ки бо вуҷуди обу ҳавои номусоид, дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ равуои тамоми навъҳои нақлиёт, аз ҷумла фураҳо ва мошинҳои боркаши ядакдор (притсепдор) иҷозат дода шудааст. Аз дирӯз равуои нақлиёт дар ин роҳи ягонаи байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон ба далели боридани барф дастикам ду маротиба маҳдуд карда шуд, вале ҳарду дафъа ба муддати кӯтоҳ.

https://www.facebook.com/reel/141789705696291
https://www.facebook.com/reel/781798420525750

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button