ВидеоДин ва боварҳоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЗОЯ ҚОСИМОВА (“ФОЛБИНИ ЗОЯ”) – ЯК ФОЛБИНИ МАШҲУР ДАР ШАҲРИ БОХТАР (3 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 27 феврали соли 2024 аз боздошти як зани солхӯрдаи 69-сола дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа), маркази ин вилоят бо иттиҳоми мардумфиребӣ хабар дод ва гуфт, Қосимова Зоя бо роҳи гӯё фолбинӣ ва сеҳру ҷоду шаҳрвандонро фиреб медод.

Худи Зоя Қосимова ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия дар шарҳи боздошти ин сокини Бохтар гуфт: Баъзе аз нафарон худро фолбину мушкилкушой муаррифӣ намуда, мардумфиребиро барои худ як василаи рӯзгузаронӣ ва манбаи даромади молӣ қарор додаанд. Сабаби асосии ин навъи хурофотпарастӣ, камсаводӣ ва маҳдуд будани доираи донишу ҷаҳонбинии баъзе нафарон мебошад, ки бозори мардумфиребонро гарм нигаҳ медоранд”.

Аз ҷумла кормандони шуъбаи милитсияи маркази вилояти Хатлон зимни як амалиёт муайян кардаанд, ки шаҳрванд Қосимова Зоя, соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи Осимии шаҳри Бохтар дар манзили истиқоматии худ ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будааст.

Дар иттилоияи милитсия гуфта мешавад ки: “Қосимова Зоя ба хотири ба даст овардани маблағи муфт ба сеҳргариву фолбинӣ машғул шудаву бо истифода аз ҳар гуна ашё, аз қабили шамъу ришта ва калиду қуфл гӯё ба дарди маризон даво мебахшад, бар ивази ин амалҳои худ маблағи муайяне талаб мекардааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ӯ дар асл саводу дониши тиббӣ ва динӣ надошта, маҳз ба хотири ривоҷ бахшидани эҳтиёҷоти молиявии худ ва ба даст овардани маблағи муфт ба ин корҳо машғул будааст”.

Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Қосимова Зоя барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, чорабиниҳои санҷишӣ оид ба муайян намудани дигар ҳолатҳои мардумфиребонаи номбурда идома дорад.

Чанд сокини Бохтар ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтанд, ки фолбини Зоя аз фолбинҳои машҳур дар ин шаҳр ва водии Вахш ба шумор мерафт ва ҳар рӯз даҳҳо корафтода барои анҷоми корҳое, чун фолкушоӣ, кушодани роҳи бахт ва ҳатто бо нияти табобат ба хонаи ӯ меомаданд.

Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.
Тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, нисбат ба шахсони воқеӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз чил то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда шудааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани айни кирдор ҷаримаи дуюм алакай ба андозаи аз шаст то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъйин карда мешавад. Ёдовар мешавем, як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button