ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҚАЛЛОБИИ ДУ СОКИНИ ВАРЗОБ БО 16 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 40 МОШИНИ ГАРОНБАҲО (!!!)

аз боздошти ду сокини ноҳияи Варзоб хабар дод, ки бо роҳи фиреб 40 мошини аксаран гаронбаҳоро (!!!) барои фурӯш гирифта, пули ин мошинҳоро то ҳол надодаанд. Ба ҳисоби тафтишот, пули ин 40 мошин дар маҷмӯъ беш аз 16 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, ё қариб якуним миллион долларро (!!!) ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 30- ва 27-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуданд. Худи дастгиршудаҳо ё наздиконашон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба гуфтаи тафтишот, гумонбаршавандагон моҳи июни соли 2023, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 32 адад автомашинаҳои гуногунтамғаро ба маблағи 13 миллиону 787 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд.
Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад, ки инчунин, гумонбаршавандагон моҳи октябри соли 2023, боз ҳам дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Варзоб, даромада, аз ӯ 7 адад автомашинаҳои гуногунтамғаро ба маблағи 1 милиону 679 ҳазор сомон нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидаанд.
Ҳамин тариқ, гумонбаршавандагон моҳи октябри соли 2023, боз ҳам дар ҳамон кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес ҶЛС 450”-ро ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағи ӯро ҳам то ҳол барнагардонидаанд.

Тафсилоти дигари қазия дастрас нест. ВКД танҳо гуфт, ки оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ баъди дуздӣ дуюмин навъи аз ҳама роиҷи ҷиноят дар Тоҷикистон ба шумор мешавад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ наздики 3 ҳазор ҳолати қаллобӣ сабт карда мешаванд ва амалан қариб ҳар ҷинояти ҳаштуми дар Тоҷикистон содиршуда ин қаллобӣ мебошад. Бино ба омори ВКД, соли 2023 дар ҷумҳурӣ 2762 ҳолати қаллобӣ ва соли 2022 бошад 2882 қаллобӣ сабт шуда буд.

Вале коршиносон мегӯянд, боз ҳам омори расмӣ тамоми ҳолатҳои мавҷудаи қаллобиро дар Тоҷикистон инъикос намекунад. Дар бархе ҳолатҳо ҷабрдидаҳо муроҷиат ба мақомотро беасар шумурда, то охир кӯшиш мекунанд, ки масъаларо бо худи қаллоб ё наздиконаш ҳал кунанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки кормандони мақомот аз сабти аризаи ҷабрдидаҳо аз қаллобӣ саркашӣ мекунанд. Аз ҷумла агар дар паси нафар ё нафарони муттаҳам ба қаллобӣ пуштибонҳои пурнуфуз истода бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button