ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БЕДОДГАРИҲОИ ЯК РЭКЕТИР ДАР КӮЧАИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, КОРДЗАНӢ ДАР КӮЛОБ ВА МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ДӮСТӢ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 26 феврали соли 2024

Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 19-сола

547

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми январи соли 2024, тахминан соати 01:00 ҳангоми дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.

Инчунин, гумонбаршаванда, субҳи барвақти санаи 17-уми феврали соли 2024, тахминан соати 06:40-дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бе ягон асос ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро мавриди латту кӯб ќарор дода, сипас бо корди дар дасташ буда, ӯро таҳдид карда, 5 ҳазору 400-сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд захмӣ намудан

548

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 23-юми феврали соли 2024, тахминан соати 21:00 марди 32-солаи сокини шаҳри Кўлоб, бо сабабҳои номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, аз ҷайбаш 1-адад корди хоҷагидории маиширо гирифта, 1-маротиба ба баданаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расидани дучархарон

549

24-уми феврали соли 2024, тахминан соати 14:00 ронандаи думотосикли дучархаи тамғаи “Suzuki GSX”, Норматов Бахтиёр Турақулович, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Кӯҳдоман-5 ба самти деҳаи Кӯҳдоман-4, аз уҳдаи идорааш набаромада, ба дохили канали бетонии канори тарафи чапи роҳ буда афтидааст. Дар натиҷа худи ронанда, Норматов Б.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button