Хабарҳои кӯтоҳ

КУМАКИ НАҶОТБАХШОН БА ЯК ЗАНИ РОҲРӮБ ДАР ПОЙТАХТ

Рӯзи 23 феврали соли 2024 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон занг зада, хабар додаанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, дар наздикии идрораи ТВ “Варзиш” як зан ба кумак ниёз дорад.

Наҷотбахшон аз раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса омада, муайян карданд, ки сокини 59-солаи пойтахт, корманди идораи роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳангоми гузаштан аз обпарто беэҳтиётӣ кардааст ва як пояш дар панҷараи ҷӯянӣ дармондаст.

Наҷотбахшон бо ёрии таҷҳизоти махсус сӯрохии байни панҷараро кушодтар карда, пои дар байни панҷара дармондаи зани бечораро “озод” ккарданд. Баъди дарёфти кумаки тиббии аввалия, ин зан пешниҳоди ба бемористон бурданашро рад кардааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостааст, ки эҳтиёт кунанд.

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button