ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

АҶАБ БЕАҚЛӢ! ХАБАРИ БАРДУРӮҒИ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР БОРАИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ҲАВОПАЙМОИ ПИТЕР-ХУҶАНД

Телеграм-канали SHOT, як пойгоҳи хабарии ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздик, рӯзи 24 феврали соли 2024 бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки маълумоти бардурӯғи як зодаи Тоҷикистон дар бораи вуҷуди бомба ва омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боиси 6 соат дар фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия нигоҳ доштани ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” шудааст. Ин ҳавопаймо бояд ба Хуҷанди Тоҷикистон парвоз мекард, вале марди тоҷик барои онки монеи ба Тоҷикистон рафтани ҳамсари аз вай қаҳркардааш шавад, хабар додааст, ки гӯё … дар ҷомадони ҳамсари ҳомилаи ӯ бомба гузоштаанд.

Бино ба иттилои SHOT, соати қариб дуи шаби 24 феврал ба фурудгоҳи Пулково як марди 30-сола занг зада, ба кормандони колл-сентр, яъне маркази маълумотдиҳии фурудгоҳ хабар додааст, ки дар ҷомадони ҳамсари ӯ, ки ба Хуҷанд парвоз карда истодааст, маводи машкук гузошта шудааст ва гӯё ба ҳамлаи террористӣ тайёрӣ дида истодаанд.

Дар пайи ин занги изтиробовар ҳамаи 148 мусофир ва 9 узви экипажро аз ҳавопаймо берун оварда, дохили ҳавопаймо ва тамоми бағочи мусофиронашро як ба як бо кумаки сагҳои бӯгир тафтиш кардаанд, вале ягон чизи шубҳабарангез пайдо накардаанд.

Ҳамсари ҳомилаи он мард ба кормандони фурудгоҳ гуфтааст, ки як соат пеш аз парвоз телефонӣ бо шавҳараш муноқиша карда буд. Ӯ ба шавҳараш гуфтааст, ки ба Тоҷикистон пеши падару модараш бармегардад, вале шавҳараш аз ин ба қаҳр омада, доду фарёд бардоштааст ва гуфтааст, ки ҳеҷ куҷо нахоҳад рафт!

 “Дар натиҷа парвози U6-2641-и ширкати ҳавопаймоии “Уралские Авиалинии”-ро дар фурудгоҳ 6 соати нигоҳ доштанд, ба мусофирон хӯроку об доданд. Тақрибан соати ҳашти субҳ баъди иваз кардани экипаж, ҳавопаймо билохира ба Хуҷанд парвоз кард”, – хабар додааст SHOT.

Дар бораи ин ки оё ҳамсари ин “террористи телефонӣ” низ ба Тоҷикистон баргашт ё на?, дар хабари SHOT чизе гуфта нашудааст.

Бино ба маълумоти ин Телеграм-канал, мардеро, ки дар бораи вуҷуди бомба дар ҷомадони ҳамсараш хабари бардурӯғ дода буд, ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд.

Ба ӯ бар асоси моддаи 207 Кодекси ҷиноятии Русия барои дидаю дониста додани маълумоти бардурӯғ дар бораи амали террористӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи то 700 ҳазор рубл ваё то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Бар илова, ӯ бояд ҳамчунин зарари аз ин амали ӯ расида ба ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ва фурудгоҳи Пулковоро низ ҷуброн кунад, ки он ҳам метавонад даҳҳо ҳазор доллари дигарро ташкил диҳад.

Дар ҳамин ҳол, пойгоҳи хабарии “Фонтанка” навишт, ки ин ҳодисаро дар ширкати “Уралские авиалинии” тасдиқ кардаанд. “Фонтанка” ҳамчунин маълум кардааст, ки номи “террористи телефонӣ” Рафиқ будааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аз ин беақлӣ ду хулоса баровардам: якум ин, ки зодаи тоҷикистон ҳамсарашро хеле дӯст медоштааст, ки нахостааст аз ӯ ҷудо бошад, дуввум дастгоҳҳои амниятии фурӯдгоҳи санкт-петербург чигуна ҷомадони машкукро муоина ва ташхис дода наметавонанд, ки то бағож ё салони ҳавопаймо ворид шудааст, гумрук бехабар? Ҳама чиз аз экран (screen) мегузарад? Ё кормандони фурӯдгоҳҳои русӣ одат кардаанд, ки парвозҳои аз самти хуҷанду душанбе ба самти москваву петербург тафтиш намешавад, мабодо “фармоишгарони маводҳои махсус” малол нашаванд, тибқи одат парвозҳои аз самти муқобил низ тафтиш намешаванд?!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button