ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАС АМАКАШРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААСТ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 феврали соли 2024
Расонидани ҷарроҳат аз ҳиссиёти авбошӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби санаи 21-уми феврали соли 2024, тахминан соати 21:55-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон қарор доштанаш, ӯро бе ягон асос писари бародараш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамон ҷо, дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи корди дар дасташ буда ба қисмати қафаси синааш як маротиба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани марди 48-сола дар заминаи муноқиша
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 36-солаи сокини шаҳри Панҷакент, санаи 20-уми феврали соли 2024, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ бо марди 48-сола сокини шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки фарзанди хурдсолашро лату кӯб кардааст, баҳсу муноқиша карда, бо мушт ба тарафи чапи рӯи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Боздошти марди қаллоб
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 51-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, аввалҳои соли 2022, бо роҳи фиреб ба боварии марди 28-солаи сокини пойтахт даромада, худро соҳибкор муаррифи намуда, аз ҷабрдида дар бинои навбунёд, дар масоҳати 238-метри мурабаъ хонаи истиқоматиро ба маблағи 99 ҳазору 500-доллар амрикоӣ ғайринақдӣ гирифта ваъда медиҳад, ки дар муддати 2-моҳ маблағашро бармегардонад, аммо гумонбаршаванда, манзили истиқоматиро ба дигар шахсон фурӯхта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Оиди ин ҳодиса тафтишот идома дорад.