ВидеоДин ва боварҳоҶомеа

БОЗДОШТИ ШОИРА ДАВЛАТОВАИ 22-СОЛА БАРОИ ФИРЕБИ 200 НАФАР БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ (ВИДЕО)

Милитсияи пойтахт як ҷавондухтари 22-соларо боздошт кардааст, ки бо ваъдаи фиристодан ба маросими адои Ҳаҷҷи умра аз беш аз 200 нафар 500 – 700 доллар маблағ гирифта, фиреб додааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор аз ин духтар Давлатова Шоира Муҳиддиновна, сокини 22-солаи шаҳри Ваҳдат ном бурдааст.

Ин ниҳод нагуфтааст, ки дар маҷмуъ Шоира Давлатова аз беш аз 200 нафар чӣ миқдор маблағ гирифтааст, танҳо ишора мешавад, ки аз қисме 500 доллар ва аз дигарон 700 доллар гирифтааст.

Дар гузориш зикр мешавад, ки Шоира Давлатова бо номи Неъмат ва Самира ҳаммаслак низ дорад ва онҳо ҳатто хешовандони худро фиреб карда, маблағ гирифтаанд ва бар ивази ҳар як нафар аз Шоира Давлатова 100 доллар ҳақмузд мегирифтанд.

Онҳо дастгир гардидаанд ё не маълум нест.

“Номбурда (Шоира Давлатова, дар назар аст-муаллиф) аз зудбоварии мардум истифода бурда, ваъда кардааст, ки бо пардохти 500 доллари ИМА гӯё аз ҳисоби фонди хайриявии мавҷуднабудае шаҳрвандонро ба ҳаҷ мебарад”, – омадааст дар гузориши РВКД-и пойтахт.

Дар идома гуфта мешавад, ки ба хотири ба даст овардани боварии мардум, дар оғоз якчанд нафарро бо пардохти 500 доллар (боқимондаашро худ пардохт кардааст) ба ҳаҷ бурдааст.

Дар гузориш худи Шоира Далатова иқрор мешавад, ки аз аҳолӣ барои ба ҳаҷ фиристодан 5 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Ӯ нагуфтааст, ки аз чанд нафар чунин маблағро гирифтааст.Акс аз сомонаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе


Маълум нест, ки ҳарфҳои ӯ таҳти чӣ шароите сабт гардидааст.

Чанд нафар худро ҷабрдида номида, нақл мекунанд, ки ба воситаи дӯстону шиносҳояшон дар бораи Шоира Давлатова огоҳ шуда, барои рафтан ба ҳаҷ маблағҳои калон додаанд, вале ба ҳаҷ нарафтаанд.

Милитсияи пойтахт мегӯяд, ки баъзеҳо ба ваъдаҳои Шоира Давлатова ба ҳадде бовар кардаанд, ки бо нияти ҳаҷ бо наздикону пайвандонашон хайрухуш карда, барои сафар ба Арабистон то фурудгоҳ омааданд, вале фиреб хӯрдаанд.

Назари наздикон, вакили дифоъ ва худи Шоира Давлатова дар робита ба айбҳое, ки милитсияи пойтахт мегӯяд, маълум нест.

Ба иттилои РВКД Душанбе ҳоло Шоира Давлатова дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, бар зиддаш барои қаллобӣ ё моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, даст доштани ӯ дар дигар амалҳои қаллобӣ таҳқиқ мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба зиёрати Ҳаҷи фарзӣ ва умра ҳазорон нафар сафар мекунанд. Онҳое, ки ҳаҷи фарзӣ мераванд дар асоси квотаи ҷудокардаи Арабистон мераванд. Вале давоми сол ҳазорон нафар ба воситаи ширкатҳои алоҳида мустақиман ба ҳаҷ мераванд, ки дар ин миён ба қаллобон низ рӯбарӯ мешаванд.

Мақомот ҳам дар бораи дастгир кардани қаллобон, ки аз мардум  барои фиристондан ба ҳаҷ маблағ гирифта, онҳоро равон намекунанд, хабар медиҳанд. Аз ҷумла чанде онҳо то ҳол дар ҷустуҷӯянд.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Мавлоно Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Рамазони соли 2024 муборак! гуяд:

    Чанде пеш “бомдод” хабар дода буд, ки арабистони саъудӣ ба тоҷикистон барои сафари ҳаҷ наздики 7-ҳазор квота ҷудо кардааст, дар зери он матлаби “бомдод” шарҳи бандаро бихонед, огоҳ карда будам: “ Ҳисса, квота, бурсия, виза, грин-карта, паспорт ва ғайра бояд мустақиман ба шаҳрванд ё довталаб дода шавад, на ба дасти ҳукумат, дасти ҳукумат фасод эҷод мекунад. Аз ин 7-ҳазор ҳисса чи “тиҷорате” ба роҳ монда хоҳад шуд? Шояд аввалин кишваре бошем, ки ҳатто дар кори хайр ҳам як қисме гуноҳ мекунад, қисми дигар савоб!”
    Кумита оид ба корҳои динро таъсис додед, кори кумитаро афроди алоҳидаи манфиатҷӯ иҷро мекунанд, гӯё кумита бехабар аст?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button