ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК “ВАЛЮТЧИК” ДАР КОНИБОДОМ БАРОИ ТАСАРРУФИ ҚАРИБ ЯК МИЛЛИОН РУБЛ

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 22 феврали соли 2024

Қаллобӣ бо баҳонаи иваз намудани қурби асъор

22

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом моҳи октябри соли 2023, бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо баҳонаи қурби асъори рубли русиашро бо қурби нисбатан баланд баргардонида додан аз ӯ 450 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки онро 70 ҳазор сомонӣ карда бармегардонад, аммо гумонбаршаванда маблағи пулии ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.

Инчунин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ моҳи октябри соли 2023, аз марди 36-солаи сокини ҳамин шаҳр бо баҳонаи қурби асъори рубли русиашро бо қурби нисбатан баланд баргардонида додан аз ӯ 500 ҳазор рубли русиро гирифта, ваъда додааст, ки онро 67 ҳазор сомонӣ карда бармегардонад, аммо номбурда, маблағи пулии ба даст овардаашро ба манфиати худаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ошкор шудани дуздӣ аз дохили хазина

181

Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 5-уми феврали соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш даромада, аз дохили хазина 35 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 40-солаи сокини ҳамин шаҳр, коргари мағозаи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button