ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БАРХӮРДИ МАРГОВАРИ СЕ МОШИН ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 20 феврали соли 2024 бар асари бархӯрди се мошини “Опел-Вектра”, “Мерседес” ва “Тойота-Румиён» дар шаҳри Ваҳдат ронандаи 60-солаи “Тойота“ дар ҷои ҳодиса ҷон додааст.

Бино ба иттилои ВКД, 20-уми феврали соли 2024, тахминан соати 12:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Камолов Маҳмадалӣ Зайниддинович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз НФС “Газпромнефт” ба самти маркази шаҳри Ваҳдат, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Насриддинов Ҳоҷиакбар Сафарбекович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри мазкур, ки аз самти шаҳри Норак ба самти шаҳри Ваҳдат ҳаракат мекард, бархӯрдааст. Пас аз бархӯрдан ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Тойота-Румиён”, таҳти идораи ронанда, Бобобеков Раҷабалӣ Ортихолович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Ваҳдат бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Тойота-Румиён” Бобобеков Р.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button