ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа

ВАЪДАИ 30 ҲАЗОР СОМОНӢ МУКОФОТ БАРОИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ЯК ҶИНОЯТКОР (АКС)

Ширкати “ЯК такси” (1111taxi) бо нашри як эълон бо акси ҷинояткор дар саҳифааш дар Инстаграм эълон кард, ки барои маълумот дар бораи нафаре, ки ба ронандаи ин ширкат Зиёвиддин Беков ҳамла оварда, ӯро бо чанд зарбаи корд захмӣ кард, 30 ҳазор сомонӣ ҷоиза таъйин кардааст.

Дар эълони “ЯК такси”, ки 19 феврали соли 2024 нашр шуд, чунин гуфта шудааст: ”Ширкати ЯК Такси -1111 барои пешниҳод намудани маьлумот вобаста ба шахсе, ки ба ронандаи ширкат зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст, дар ҳаҷми 30 000 сомонӣ қадрдонӣ менамояд. Махфияти хабардиханда кафолат дода мешавад”.

Онҳое, ки дар бораи шахсияти ин нафари дар акс нишондодашуда маълумоте доранд, метавонанд бо рақами 1111 ба ширкати “ЯК такси” хабар диҳанд.  Мукофот ба касе дода мешавад, ки маълумоти расондааш ба боздошти ҷинояткор мусоидат кунад.

Мақомоти корҳои дохилӣ эътироф мекунанд, ки то ҳол ҷустуҷӯи ҷинояткор натиҷа надодааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти хабариаш гуфт, дар робита ба ин ҳодиса 8 нафарро ҳамчун гумонбаршаванда дастгир карда, аксҳояшонро ба ҷабрдида нишон доданд, вале ӯ онҳоро нашинохт.

Зиёвиддин Беков, сокини 23-солаи Душанбе, ки яккаписари хонавода буда, тоза тирамоҳи соли 2023 издивоҷ карда буд ва ҳамагӣ 4 моҳ боз дар ширкати “ЯК такси” кор мекард, субҳи 15 январи соли 2024 дар маҳаллаи Яккачинори пойтахт мавриди ҳамла қарор гирифт.

Ба гуфтаи падараш Мурод Беков, ки ӯ ҳам такси меронад, як муштарӣ аз аз маҳаллаи “Ҳаёти Нав”, аз наздикии тарабхонаи “Бохтариён” ба мошини Зиёвиддин нишаста, аввал то наздикии “Ромсар” ва сипас то Яккачинор рафтааст. Роҳкиро то инҷо 37 сомонӣ шудааст ва вақте ки ронанда аз ӯ пули роҳашро тақозо мекунад, муштарӣ, ки дар курсии қафо нишаста буд, ногаҳон бо корд ҳамла карда, ба қисмати рости гардан 5 зарба ва ба ҳарду дастони Зиёиддин корд мезанад. Баъди фирори ҳамлагар, роҳгузарон мошини “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват карда, ронандаи таксиро ба Беморхонаи “Қарияи Боло” мерасонанд. Зиёвиддин Беков 10 рӯз дар ин бемористон табобат гирифт, вале азбаски қотил раги артерия ва дигар рагҳои асабу хунгардро аз тарафи рост буридааст, чашму дасти рости Зиёвиддин аз ҳаракат бозмондаанд.

Волидони Зиёвиддин Беков барои идомаи табобати писари ягонаашон маҷбур шуданд, ки хонаи худро, ки дар қабати панҷуми як бинои панҷқабата дар маҳаллаи Зафар (“Горбаня”)-и собиқ ҷамоати Чоряякорон дар канораҳои шимолуғарбии пойтахт ба фурӯш бигузоранд.

– Барои табобату ба по хезондани писарам пул лозим аст. Мо маблағи захира надорем. Маҷбурам, ки хонаамро фурӯхта писарамро табобат кунам, – гуфта буд падари Зиёвиддин.

Ба гуфтаи падараш, онҳо бо Зиёвиддин ҳарду қаблан бо як мошин дар ширкати таксии “3333” кор мекарданд, вале баъди издивоҷаш Зиёвиддин пешниҳод кардааст, ки бо ду мошин кор кунанд, то қарзи тӯйи ӯро зудтар бикананд.

Онҳое, ки мехоҳанд ба ин хонавода кумак кунанд, метавонанд ба рақами ҳисоби бонкӣ дар  Душанбе Сити  кумаки худро ирсол кунанд:  9762000090146266 ё ба рақами телефони: +(992)000994799. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button