ПЕШГИРӢ АЗ ҚОЧОҚИ 402 ҲАЗОР ҚУТТИИ СИГОРИ ТАМҒАИ “ESSE CHANGE” БА ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО)
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/02/кочоки-сигарет-Сариосиё.jpg?resize=780%2C470&ssl=1)
Телеграм-канали боҷхонаи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯзи 19 феврали соли 2024 дар бораи ёфтани беш аз 400 қуттӣ сигори тамғаи “Esse Change” ба маблағи беш аз 10 миллиард сӯм, ё беш аз 800 ҳазор доллар аз як вагони роҳии Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба гузориши боҷхонаи Сурхондарё, кормандони посгоҳи “Сариосиё” дар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон ҳангоми тафтиши сканерии қаторҳои роҳи оҳан дар ин посгоҳ дар яке аз вагонҳои қаторе, ки аз як кишвари ҳамсоя тавассути Ӯзбекистон ба Тоҷикистон мерафт, молҳоеро мушоҳида кардаанд, ки қочоқӣ ба назар мерасиданд ва тибқи аксҳои рентгенӣ, ба молҳое, ки дар эъломияи гумрукӣ нишон дода шуда буд, монанд набуданд.
Дар натиҷаи кофтукоби дохили вагон кормандони боҷхона дар байни қуттиҳои чангкашаку мошинҳои ҷомашӯӣ ва халтаҳои шири хушк 402 ҳазор қуттӣ сигори тамғаи “Esse Change” пайдо карданд, ки ягон хел маркаи аксизӣ надошт. Ҳаҷми умумии сигорҳои ёфтшуда 10 миллиарду 50 миллион сӯми ӯзбекӣ, баробари 810 ҳазор доллар, баровард шудааст.
Гуфта мешавад, кормандони боҷхонаи Сариосиё дар робита ба ин ҳолат тафтиш бурда истодаанд.
Дар бораи фурӯшандагон ва харидорони ин миқдори бузурги маҳсулоти тамокуи қочоқиидар марзи Ӯзбекистон бо Тоҷикистон гирифташуда маълумоте дар даст нест. Воридоти маҳсулоти тамоку, аз ҷумла сигорҳои тамғаи дар ҷумҳурӣ пурхаридори “Esse” ба Тоҷикистон дар инҳисор ё монополияи чанд ширкати марбут ба наздикону хешовандони афроди пурнуфуз дар доираҳои ҳокими кишвар қарор дорад.
Посгоҳи Сариосиё дар рӯбарӯи посгоҳи Пахтаобод дар марзи вилояти Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон бо шаҳри Турсунзода дар ғарби Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ягона роҳи оҳан ба самти Душанбе ва шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – Деҳнав – Тирмиз тавассути гузаргоҳҳои Сариосиё ва Пахтаобод мегузаранд.
Манбаъ: Актуально.Уз