МАРГИ СОКИНИ НОБОЛИҒИ ФАРХОР ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ҲУНДАЙ СТАРЕКС”
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз марги боз як ноболиғ дар зери чархи мошини роҳгузар хабар дод. Бино ба иттилои ВКД, субҳи 16-уми феврали соли 2024, тахминан соати 09:40, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс», Қурбоназаров Шомуҳаммад Маҳмадзарифович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе ба самти маркази ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди гардиши ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Муҳаммадзода Умарҷон, соли таваллудаш 2015, сокини ноҳияи Фархорро пахш намудааст. Дар натиҷа, Умарҷони Муҳаммадзода ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ин пештар хабар дода буд, ки шоми 14-уми феврали соли 2024, тахминан соати 18:30, ронандаи мошини тамғаи ‘Тойота-Витз”, Каримов Хуршед Мустафоқулович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди деҳаи Аҳорун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Элова Офтобой Тухтаевна, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш кардааст. Дар натиҷа, Элова О.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд. Мутаассифона, даҳҳо нафар аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасони ноболиғанд.