ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ХОНАИ ЯК МӮСАФЕДРО ДУЗД ЗАДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти дузде хабар дод, ки  7 моҳ пеш хонаи як сокини солхӯрдаи пойтахт, шаҳри Душанберо зада буд.

Бино ба иттилои нашршуда, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза пирамарди 71-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми июли соли 2023, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо як миқдор ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 20 ҳазор сомонӣ, ё тақрибан 1800 долларро ташкил додааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Mоддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аз ин қабл маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ: рабудани 210 ҳазор сомонӣ аз хонаи як зан дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дуздии 17 ҳазор сомонӣ аз дохили як сартарошхона дар бозори марказии шаҳри Истаравшан хабар дод.  Бино ба иттилои ВКД, ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаби 27-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 23:30, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз онҷо 210 ҳазор сомонӣ, баробари 19 ҳазор долларро дуздида ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Инчунин, ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Истаравшан, рӯзи 12-уми феврали соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ ба дӯкони сартарошхонаи сокини 41-солаи сокини шаҳри мазкур дар дохили бозори марказии шаҳри Истаравшан даромада, аз онҷо 17 ҳазор сомонӣ, баробар ба тақрибан 1550 долларро дуздидааст ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод.

Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи ҷустуҷӯи дузд мешаванд ваё ба Худо ҳаволааш мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button