
Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти муфаттиши калони шуъбаи тафтишотии шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд Абдураҳимзода Т. ҳангоми гирифтани пора ба маблағи махсусан зиёд хабар дод.
Худи ин афсари дастгиршудаи милитсия ё адвокат ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале Агентии мубориза бо коррупсия дар иттилоияаш, ки 13 феврали соли 2024 нашр шуд, мегӯяд, ки Абдураҳимзода Т. , ки шахси мансабдор ба ҳисоб меравад, даст ба ҷинояти порагирӣ задааст.
Маркази матбуоти Агентӣ дар шарҳи ин парванда гуфт: “Чунончи, Абдураҳимзода Т. дар давраи фаъолияти кории худ парвандаи ҷиноятӣ оиди ҳолати сохтакории ҳуҷҷатҳоро ба пешбурди худ қабул намуда, бо гузаронидани амалҳои зарури тафтишотӣ ҳолати гунаҳгории шаҳрванд Охматов А.А.-ро дар содир намудани ҷинояти болозикр муайян намуд. Сипас номбурда бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, барои иҷрои амали ғайриқонунӣ, яъне ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардани Охматов А.А. аз падари номбурда Охматов А.Н. тавассути миёнарав Охунов Ҳ.А. ба сифати пора маблағи 6000 доллари ИМА талаб кард”.
Санаи 27 январи соли 2024 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Абдураҳимзода Т. дар ҳудуди ноҳияи Б.Ғафуров баъди аз шаҳрванд Охунов Ҳ.А. гирифтани маблағи 6000 доллар дастгир карда шуда, ин маблағ аз ӯ ёфта, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Агентии мубориза бо коррупсия гуфт, дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Абдураҳимзода Т. бо аломатҳои таркиби ҷинояти дар моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондодашуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Қисми дуюми моддаи 319 ҳамчун ҷазо барои аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора барои ҳаракат ё беҳаракатии ғайриқонунӣ ҷаримаи ҳангуфт ба андозаи аз 5 ҳазору 475 то 12 ҳазору 775 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 394 ҳазору 200 то 919 ҳазору 800 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 3 то 7 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 солро пешбинӣ мекунад.
Мақомоти милитсия дар Тоҷикистон дар радифи ниҳодҳои давлатии аз ҳама фасодзада ном бурда мешаванд. Тоҷикистон дар умум аз давлатҳои фасодзадаи дунё ба шумор рафта, дар раддабандии имсолаи “Шохиси коррупсия) дар байни 180 кишвар дар мақоми 162, яъне дар байни 20 давлати аз ҳама фасодзадаи сайёра ҷой гирифт.

