ДАР РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД – ЧАНОҚ 5 МОШИН ЗЕРИ ТАРМА МОНД (ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА)
Шаби 17 ба 18 феврали соли 2024 дар километри 158-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ як тармаи бузурги паҳноияш 50 метр ва баландиаш 6 метр ба рӯи роҳ фурӯ рехт. 5 мошин зери тарма монд. Ширкати IRS, масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, хабар дод, ки хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест ва кормандони ин ширкат сари вақт мошинҳоро аз зери тарма берун овардаанд. Аммо тарма ба ҳар сурат равуои нақлиётро тавассути ин ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон барои чанд соат манъ кард.
Ширкати IRS субҳи 18 феврал хабар дод, ки равуои воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба фураҳо ва мошинҳои ядакдор баъди рафъи оқибатҳои тарма ва бо маводи зидди лағзиш коркард шудани қисматҳои тармазадаи роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ иҷозат дода шуд.
Роҳҳои кӯҳистони Тоҷикистон аз лиҳози фурӯрезии тармаҳо дар фасли сармо хатарнок ба шумор мераванд. Соли 2023 дар Тоҷикистон 335 ҳолати фурӯ рехтани тарма сабт шудааст.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ ягона роҳи заминист, ки вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистонро бо қисматҳои боқимондаи ин ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо пойтахташ, шаҳри Душанбе мепайвандад. То сохта шудани нақби “Истиқлол” дар ин шоҳроҳ ягона роҳи байни шимол ва маркази Тоҷикистон аз тариқи ағбаи Анзоб буд, ки дар зимистон баста мешуд.
Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ бо наздики 300 миллион доллар қарзи Хитой навсозӣ шуда, аз соли 2009 масъулияти нигоҳубин ва пулчиниаш ба ширкати IRS вогузор карда шуд. Дар ҳоли ҳозир ин ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон аст.
ВИДЕОИ МАРКАЗИ МАТБУОТИ ШИРКАТИ IRS