Хабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ ЗАНИ ПИЁДАГАРД ДАР ДЕҲАИ АҲОРУН ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ “ТОЙОТА”

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 14-уми феврали соли 2024, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи ‘Тойота-Витз”, Каримов Хуршед Мустафоқулович, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар ҳудуди деҳаи Аҳорун аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Элова Офтобой Тухтаевна, соли таваллудаш 1967, сокини шаҳри Турсунзодаро пахш кардааст. Дар натиҷа, Элова О.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамҳои марговар роҳҳои пурхатар дониста мешаванд. Соли 2023 дар роҳҳои ҷумҳурӣ дар 1111 садама 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Соли 2022 бар асари 1096 садама др роҳҳои Тоҷикистон 416 нафар ҷон бохт, 1197 нафар ҷароҳат бардошта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button