Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 17 феврали соли 2024 аз ҳабси дубораи блогери ҷавони 19-сола Ҷаҳонгир Раҳимзода ва ҷарима бастани шарики ӯ Аниса Рӯзиева барои паҳн кардани наворҳои бадахлоқона хабар дод.
Худи ин ҷуфти блогерҳо барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсия гуфт, як қатор шаҳрвандон, истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли як навор аз мақомоти милитсия дархост намуданд, ки барои дағалгуфторӣ нисбат ба паҳнкунандагони ин навор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Бино ба иттилои расмӣ, “зимни санҷиш муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш ва Рӯзиева Аниса Азизовна, санаи таваллудаш 18.01.2006, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Сино, дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» навори дорои алфози қабеҳро нашр намудаанд. Гарчанде қаблан барои паҳн намудани чунин наворҳои дорои алфози ғайриахлоқӣ, нисбати дастгиршуда Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, расман огоҳонида шуда бошад ҳам, вале ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз санаи 15-уми январи соли ҷорӣ ҳамроҳи Рӯзиева Аниса чунин навор омода карда, тавассути шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” паҳн намудаанд, ки ин амали номбурдагон боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст”.
Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Ҷаҳонгир Раҳимзода ва Аниса Рӯзиева, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба Раҳимзода Ҷаҳонгир ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз ва нисбат ба Рӯзиева Аниса ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 10-нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробари 720 сомониро таъйин кардааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур мақомоти милитсияи пойтахт бори дигар ҳамаи он нафаронеро, ки ба омода ва нашри навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ машғуланд, огоҳ кардааст, ки “талаботи қонунгузориро риоя намуда, урфу одат ва ҳувияти милливу фарҳангиро пос доранд”.
Дар як моҳи охир ин бори дуюм аст, ки блогер Ҷаҳонгир Раҳимзода бо айни иттиҳоми паҳн кардани наворҳои бадахлоқона ба ҳабс гирифта мешавад. Моҳи январ ӯро 7 шабонарӯз ҳабс карда буданд ва он бор ҳам расман барои “итоат накардан ба кормандони милитсия”.
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 17 январи соли 2024 дар бораи ба 7 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани як ҷавон барои дар саҳифааш дар шабакаи Инстаграм нашр кардани видеоҳои пур аз алфози қабеҳ хабар дод. Гуфта мешавад, ки Ҷаҳонгир Раҳимзода бо вуҷуди ҳушдори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба нашри чунин наворҳо идома додааст.
Милитсияи пойтахти Тоҷикистон гуфт, истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ низ тартиби муайян ва одоби махсуси худро дорад ва ҳар навор ва суханони ғайриахлоқӣ, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ нашр гардида, боиси ба таври оммавӣ паст задани шаъну шарафи дигарон мегардад, ҷавобгариро дар пай дорад.
Ба гуфтаи милитсияи Душанбе, “гарчанде қаблан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Раҳимзода Ҷаҳонгир Ҳамид, санаи таваллудаш 08.01.2005, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, ҷиҳати паҳн накардани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва пасткунандаи шаъну шарафи дигарон огоҳонида шуда бошад ҳам, вале номбурда ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, пайи ҳам даст ба чунин қонуншиканӣ задааст. Номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста наворҳои дорои алфози қабеҳу таҳқиркунанда ва бадномкунандаи шаъну шарафи инсониро паҳн мекард”.
Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбат ба Раҳимзода Ҷаҳонгир барои итоат накардан ба талаботи қонунии кормандони милитсия, тибқи талаботи моддаи 479 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба Ҷаҳонгир Раҳимзода ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз таъин намуд.