ДУЗДИИ 210 ҲАЗОР СОМОНӢ АЗ ХОНАИ ЯК ЗАН ДАР РӮДАКӢ ВА ДУЗДИИ 17 ҲАЗОР АЗ ДОХИЛИ САРТАРОШХОНА ДАР ИСТАРАВШАН
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани ду ҳолати дуздӣ: рабудани 210 ҳазор сомонӣ аз хонаи як зан дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дуздии 17 ҳазор сомонӣ аз дохили як сартарошхона дар бозори марказии шаҳри Истаравшан хабар дод. Бо шумони даст доштан дар ин дуздиҳо ду ҷавон: сокини 21-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва сокини 19-солаи Истаравшан дастгир шудаанд.
Худи дастгиршудагон ва ҷабрдидагон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ шаби 27-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 23:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини ноҳияи мазкур даромада, аз онҷо 210 ҳазор сомонӣ, баробари 19 ҳазор долларро дуздида ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Истаравшан, рӯзи 12-уми феврали соли 2024, бо роҳи пинҳонӣ ба дӯкони сартарошхона, ки дар дохили бозори марказии шаҳри Истаравшан ҷойгир шуда, ба марди 41-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, даромадааст ва аз онҷо 17 ҳазор сомонӣ, баробари чизе бештар аз 1500 долларро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбат ба ин гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ низ бо моддаи 244, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои дуздӣ вобаста ба ҳолатҳои чунин ҷиноят ва оқибатҳояш аз 2 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар Тоҷикистон сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст. Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 5240 дуздӣ сабт шуда буд, ки қариб чоряки ҷамъи ҷиноятҳои солро ташкил медод. Аммо омори расмӣ ҳамаи дуздиҳои дар кишвар содиршударо дар бар намегирад. Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандон муроҷиат ба мақомотро бесамар дониста, ё худашон мустақилона дар пайи