ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

РОНАНДАИ “ТОЙОТА”-РО БАРОИ БА БЕРУН ҲАВО ДОДАНИ ПӮЧОҚУ ҚОҒАЗ ПРОТОКОЛ КАРДАНД (АКС)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе  рӯзи 15 феврали соли 2024 аз боздошти ронандаи “Тойота” барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ, яъне барои аз тирезаи мошинаш ба берун ҳаво додани пӯсту пӯчоқи афлесуну бодом ва дигар қоғазпораҳо хабар дод.

Милитсия мегӯяд, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф вазифа ва қарзи инсонии ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.

“Бе шубҳа, ба муҳити атроф партофтани ҳар гуна партовҳои гуногуни маишӣ ва коста гардонидани ҳусну зебогии хиёбону гулгашт ва роҳҳои мошингард, ин нишондиҳандаи костагии одобу ахлоқ ва маданияти чунин афрод мебошад. Мутаассифона ҳастанд бархе афроде, ки нисбати ҳама ободиву зебогиҳо хунукназарона рафтор намуда, бо амалу кирдори худ боиси коста гаштани зебогии атроф мегарданд”, – афзудааст милитсияи Душанбе.

Аз ҷумла, дар асоси муроҷиати электронӣ ва матлаби дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота”, рақамҳои қайди давлатиаш 55 60 TS 01, Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ боздошт карда шуд. Ӯ ба он муттаҳам мешавад, ки дар ҷараёни идораи воситаи нақлиёт боқимондаҳои афлесун, коғазпора ва пучоқи пиставу бодомро дар роҳи мошингард партофтааст.

Худи Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ барои шарҳи қазия дастрас нест, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни пурсиш номбурда ба кирдори содир намудаи худ иқрор гашта, изҳори пушаймонӣ кард.

Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбат ба Саидмеҳроҷиддини Ҳотамшоҳ тибқи талаботи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бар асоси ин банди қонун, Барои риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ, инчунин иҷро накардани чорабиниҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемӣ (ба ғайр аз қоидаю меъёрҳои вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера), ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз панҷ то даҳ, ба шахсони мансабдор аз понздаҳ то бист, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз бист то бисту панҷ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. Як нишондиҳанда ҳоло баробари 72 сомонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button