ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОН ДАР ЁВОН БАРОИ БО ЗӮРӢ КАШИДА ГИРИФТАНИ ТЕЛЕФОНҲОИ РАҲГУЗАРОН (АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 15 феврали соли 2024 аз боздошти ду ҷавон дар ноҳияи Ёвон бо иттиҳоми ғоратгарӣ хабар дод.

Бино ба гузориши нашршуда, кормандони шуъбачаи милитсияи ҷамоати Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон дар асоси аризаи ду сокини ин ноҳия оид ба тариқи зӯроварӣ тасарруф намудани телефонҳои мобилияшон, ду сокини ҷавони ноҳияи Ёвонро бо гумони ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карданд. Ин нафарон: Мирзоев Раҷабалӣ соли таваллудаш 2003 ва Раҷабов Фаррух, соли таваллудаш 1999 мебошанд.

Худи дастгиршудагон барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Хатлон гуфт, “зимни пурсиш муайян карда шуд, ки номбурдагон моҳи январи соли 2024 бо маслиҳати пешакӣ, ҳангоми дар кӯчаи Р. Раҷабови ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ёвон қарор доштанашон, дар ду ҳолат, бо мақсади ғоратгарӣ ба марди 47 сола ва 50 сола, сокинони ноҳияи мазкур дарафтода, бо роҳи зӯроварӣ телефонҳои мобилии тамғаи “Редми”, арзишаш 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ, «Айфон-6», арзишаш 1200 (ҳазору дусад) сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Ҷ 5” -ро, ки арзишаш 600(шашсад), сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд”.

Милитсия гуфт, Раҷабалӣ Мирзоев ва Фаррух Раҷабов “бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдидагон зарари ҷиддӣ расонидаанд”.

Айни ҳол дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон тибқи муқаррароти моддаи моддаи 248, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба Раҷабалӣ Мирзоев ва Фаррух Раҷабов бар асоси ин банди қонун барои ғоратгарӣ аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон,  соли 2023 дар ҷумҳурӣ 107 ҳолати ғоратгарӣ ва 19 ҳолати роҳзанӣ сабт шудааст, ки ин назар ба 132 ҳолати ғоратгарӣ ва 38  ҳолати роҳзании соли 2022 сабтшуда камтар аст, вале омори ин ва дигар ҷиноятҳои вазнин дар кишвар ҳамчунон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

“Насли ҷавон ояндаи миллату давлат ба шумор рафта, онҳо бо азхуд намудани илму дониш дар рушду инкишофи Ватани азизамон ва некӯаҳволии рӯзгори мардум саҳм мегузоранд. Мутааcсифона, дар ин радиф ҷавононе низ ҳастанд, ки бо амалу кирдори ношоиста ва даст задан ба ҷиноят ба номи худу пайвандонашон доғ оварда, муҳити ороми оилавӣ ва ҷомеаро халалдор месозанд”, – навиштааст милитсияи Хатлон дар иттилоияш.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button