ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДУ ТАН АЗ МУТТАҲАМОН ДАР ҚАТЛИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВ БА АМРИКО ВА ПОЛША ФИРОР КАРДААНД

Дар робита ба рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси “Ориёнбонк” 2 нафари дигар дар пайгард қарор дошта, яке аз онҳо дар Амрико боздошт шудааст. Ҳоло масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар маҷмӯъ, барои содир кардани ин ҷиноят 18 нафар гумонбар мешаванд. Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 16 феврали соли 2024 дар нишасти матбуотии Додситонии кул хабар дод.

Юсуф Раҳмон гуфт, ба истиснои 14 нафаре, ки ҳоло дар курсии айбдорӣ нишастаанд, боз ду нафари дигар то ҳол дар пайгард буда, 1 кас дар боздоштгоҳ аз беморӣ фавтид ва 1 нафари дигар дар пайи даргирии мусаллаҳона дар Малодова кушта шуд.

Нафари дар Молдова кушташуда Рустам Ашӯров аст, ки рӯзи 30-юми июн вақте барои убури марз ва ворид шудан ба давлати Молдова посухи рад гирифт, ду афсари амнияти фурудгоҳи Кишинёвро бо истифода аз силоҳи худи онҳо ба қатл расонид. Ҳангоми амалиёти дастгиркунии мақомоти Молдова худи Рустам Ашӯров низ захмӣ шуд ва дертар дар беморхона ҷон дод.

Як масъули таҳқиқи парванда аз Додситонии кул исми нафароне, ки дар ҷусутҷӯй қарор доранд, пешниҳод кард.

Яке аз онҳо Бойторов Алишер Сабзаалиевичи 45-сола мебошад, ки сокини шаҳри Душанбе аст. Ӯ ҳоло дар Ҷумҳурии Полша қарор дошта, аз 6-уми октябри соли 2023 дар ҷустуҷӯи байналилалӣ қарор дорад. Ӯ то ҳол боздошт нашудааст.

Ба зидди ӯ барои одамрабоӣ ё моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Аз додситонӣ гуфтанд, Бойторов Алишер нафаре аст, ки барои одамрабоӣ мошин харидааст ва навори мошинхарии ӯ бо ниқоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам паҳн шуда буд.

Нафари дуввум Муминов Фирӯз Фаттоевич, сокини ноҳияи Шаҳринав, ки айни ҳол дар Амрико дастгир шуда, масъалаи истирдодаш ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад. Ӯ аз 25-уми августи соли 2023 дар ҷустуҷӯ қарор дошт.

Бар зидди Муминов Фирӯз бо моддаи куштор ва одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан Фирӯз Муминовро ба он гунаҳкор карда буданд, ки баъди фирори Дилшоди Красавчик аз Тоҷикистон дар поёни моҳи июни соли 2023  ӯро як ҳафта дар манзилаш дар минтақаи Перми Русия пинҳон карда, сипас барои аз Перм ба Маскав рафтанаш кумак ва мусоидат кардааст.Фирӯз Муминов


Нафаре, ки баъди боздошт дар боздоштгоҳ фавтидааст, Мустафоқулов Парвиз Адҳамович, сокини шаҳри Панҷакент мебошад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми август ҳоли ӯ дар боздоштгоҳ якбора бад мешавад ва ӯро ба муассисаи табобатии 3/13 мебаранд. Баъди се рӯз – 28-уми август ӯ дар ин муассисаи тиббӣ дар пайи бемории пневмонияи музмини шушҳо мефавтад.

Бар зидди ӯ барои хабар надодан оид ба ҷиноят ё моддаи 347-и Қодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда буд.

Рӯзи 15 феврал, Шермуҳаммади Шоҳинё, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон расман ҷузъиёти рабудан ва қатли Шуҳрат Исматуллоевро ба рӯзноманигорон ироа кард ва гуфт, дар доираи парвандаи Шуҳрат Исматуллоев 14 нафар дар курсии айбдоркунӣ нишастаанд.Аз чап ба рост: Дилшод Саидмуродов, Акбар Ахмедов, Шоҳрух Хӯҷаев ва Рустам Ашуров


Ҳоло баррасии парванда дар Боздоштгоҳи №1 ё ба истилоҳ “СИЗО” зери назари Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад. Раиси Суди олӣ паси дарҳои баста ва дар “СИЗО” баргузор кардани мурофиаи ин парвандаро ба зиёд будани гумонбарон ва набудани толори муносиб дар Додгоҳи олӣ рабт дод.

Ба гуфтаи Шоҳиён, қатли Шуҳрат Исматуллоев ба сохтмони бинои баландошёна бо Қамаруззамон Азизов, яке аз шарикони тиҷоратии ӯ рабт дорад.

Ӯ гуфт, баъди дар ҳолати ногувори молиявӣ қарор гирифтан, Азизов ба Дилшод Саидмурод (Дилшоди СБ) маълумот медиҳад, ки “гӯё Исматулооев ба арзиши зиёда аз 2 миллиард доллар криптовалюта дорад”.

“Қамаруззамон Азизов ва Дилшод Саидмурод гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ созмон дода, ба тарзу усули кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амал карда, нақша кашидаанд, ки Исматуллоевро рабуда, бо истифодаи зӯроварӣ ва шиканҷа маблағҳояшро тасарруф карда, ӯро ба қатл мерасонанд. Барои амалӣ кардани ин ҷоният Қамаруззамон Азизов ба Дилшод Саидмурод 1 миллиону 500 ҳазор доллар ваъда медиҳад”, – гуфт Шоҳиён.

Манбаъ: Азия Плюс

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Аллоҳи мутаъол шӯҳратро раҳмату мағфират кунад, ҷойяшро ҷаннат гуяд:

    Модари шуҳрат ҳанӯз намедонад, ки писарашро дӯздида, таҳти шиканҷа ба ҳалокат расондаанд, ёддовар мешавем, ки рӯзҳои рабудани шуҳрат модараш дар сафари ҳаҷ қарор дошт ва танҳо баъди бозгашт ба ӯ хабар додаанд, ки шӯҳрат шабона ба садама дучор шуда, мошинашон ба дарёи Варзоб ҷар шуда, нопадид шудааст. Шояд баъди пурра ба итмом расидани мурофиаи судии 18 нафар бандит модарро аз моҷарои аслӣ огоҳ кунанд. Модари наздик ба 80-солаи шуҳрат зани бадқаҳри ҷанҷолбарангез буда, бо вуҷуди чандин бор зиёрати ҳаҷ кардан ва ба синнусоли пирӣ расидан, ҳанӯз аз аспи такаббур поён нафаромадааст, эҳтимоли ба амалҳои ғайритабиӣ даст заданаш вуҷуд дорад!!!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button