ВидеоДин ва боварҳоСиёсатТоҷикистон

ГЕНЕРАЛ РАҲИМЗОДА НИЗ ТАРКИШИ МОШИНИ САЙВАЛИЗОДАРО “АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ” НОМИД (ВИДЕО)

Генерал-полковник Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 15 феврали соли 2024 дар нишасти хабарии вазораташ  таркиши мошини хидматии раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализодаро “амали террористӣ” номид ва гуфт, ин ҳамла аз ҷониби “гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ” анҷом шуда ва аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ВКД шумораи зиёди шаҳрвандон дар чорчӯби ин парванда дастгир шудаанд.

Амм ӯ аз ироаи ҷузъиёти дигар худдорӣ кард ва гуфт, “ин сирри тафтишот аст ва баъди анҷоми тафтишот боз ба шумо хабар медиҳем”.

Ин дар ҳолест, ки Ҳамзаалӣ Музофиров, додситони навтаъйини минтақаи Кӯлоб рӯзи 30 январи соли 2024 дар  нахустин нишасти хабариаш аз боздошти 8 нафар дар робита ба ин ҳодиса хабар дода гуфта буд, ки тафтиши ин парванда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 179 (терроризм) ва моддаи 307 (иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ) аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ пеш бурда мешавад.

Ба гуфтаи додситон, гӯё ин афроди дастгиршуда дар дигар қисматҳои минтақаи Кӯлоб низ фикри анҷоми ҳамлаҳои террористиро дар сар доштаанд. Аммо ӯ дар ин бора шарҳу тафсилоте надод.

Аввалин шудан пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар бораи фарзияи ҳамлаи террористӣ дар парвандаи таркиши мошини раиси ҳизби ҳоким дар Кӯлоб хабар дода буд. Манбаи “Бомдод” гуфта буд, ки дастандаркорони ин ҳамла бо эмиссарҳои гуруҳи террористии “ДОИШ-Хуросон” дар қаламрави Афғонистон тамос доштанд ва аз онҳо тарзи тайёр кардану дар мошини раиси ҳизб часпондани бомби худсохтро ёд гирифтаанд.

Суҳбати Раҳимзода дар бораи ҳодиси Кӯлобро дар дақиқаи 26 дар ин навор бубинед:

Дар ҳамин ҳол, радиои зану шӯ Аюбовҳо (собиқ радиои Озодӣ) рӯзи 15 феврал бо такя ба як манбаъ дар мақомоти интизомӣ хабар дод, ки гӯё аз хонаи нафаре, ки таркишро анҷом додааст, парчами гурӯҳи тундрави ДОИШ пайдо кардаанд. Ӯ гуфт, ин гурӯҳ бо эҳтимоли зиёд бо дастури “Шохаи хуросонии ДОИШ”, ки маъмулан дар Афғонистон фаъол аст, амал кардаанд.

Ҳамсинф ва дӯсти як узви ин гурӯҳ дар сафи ин созмон дар Афғонистон аст. Ӯ бо дӯсти худ дар тамос шуда, ӯро ба сафи ин созмон ҷалб кардааст. Аз хонааш парчами ин гурӯҳ пайдо шуд, ки онро ҳамроҳ бо ҳамсараш омода карда будаанд,” – гуфтааст ин манбаъ.

Як пайванди яке аз дастгиршудагон гуфтааст, ба иттиҳоми эълонкардаи мақомот бовар надорад.

Ӯ на намоз мехонд, на рӯза мегирифт. Риш ҳам надошт ва ягон бор дар бораи дину диндорӣ гап намезад. Вақте ӯро қапиданд, ҳама ҳайрон шуд. Мумкин нофаҳмида ё дар бораи ягон чизи дигар бо ҳамроҳи дигар боздоштшудаҳо гап зада бошад, вале бовар намекунам, ки ӯ узви ягон созмони террористӣ бошад,”- гуфтааст ин сокини Кӯлоб дар бораи хешованди дастгиршудааш.

Тавассути манобеи дигар тасдиқ кардани иддаои мақомот дар бораи ҳамлаи террористӣ будани ҳодиса хеле мушкил ба назар мерасад. Номи  ин 8 нафари барои таркиши мошини раиси ҳизби ҳоким дастгиршуда нашр нашудааст ва маълум нест, ки оё онҳо бо вакили мудофеъ таъмин шудааанд ё на?

Мошини хидматии тамғаи “Шкода”-и раиси кумитаи иҷроияи ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода рӯзи 5 январ дар рӯи ҳавлии хонааш дар деҳаи Тӯдакафш, воқеъ дар 4-километрии шаҳри Кӯлоб таркид. Дар натиҷа, мошин осеб дида ва, ба гуфтаи табибон, пои рости Сайвализода шикаст. Ҳамон вақт, бархе манобеъ мегуфтанд, ки аз маҳалли ҳодиса чизҳои монанд ба маводи тарканда пайдо кардаанд ва мошинро барои ташхис фиристоданд, то тасодуфӣ ё қасдан будани ин ҳодиса муайян шавад.

Бори аввал дар бораи вуҷуди фарзияи ҳамлаи террористӣ дар парвандаи таркиши мошини Сайвализода рӯзи 26 январи соли 2024 пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод.

Як манбаи огоҳи “Бомдод” гуфт, ки дар ин парванда фарзияи ҳамлаи террористӣ ҳамчун як фарзияи асосӣ таҳқиқ мешавад.Ба гуфтаи манбаи “Бомдод”, ки аз ҷараёни тафтиши ин парванда огоҳ буд, гумонбаршавандагон дар анҷоми ин ҷиноят бо эмиссарҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон тамос доштаанд ва маҳз аз ҳамон ҷо роҳнамоӣ шудаанд.

“Ҳамин эмиссарҳо ба ҳамлагарон тавассути мессенҷер ёд додаанд, ки маводи таркандаро чӣ гуна тайёр кунанд ва чӣ гуна дар мошини раиси ҳизби ҳоким бигузоранд”, – нақл карда буд ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Намояндагони ҳизби ҳоким др Кӯлоб ин ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд.

Аммо ин бори аввал нест, ки мошинҳои мансабдорон дар минтақаи Кӯлоб оташ мегирад. Дар дасти кам як ҳолат мақомот  қасдан оташ задани мошини мансабдорро тасдиқ кардаанд.

Шаби 26 ва 27-уми декабри соли 2023 мошини Бобоҷон Давлатзода, раиси шуъбаи “Амонатбонк” дар ноҳияи Восеъ  оташ гирифт. Мақомот то ҳол сабаби онро шарҳ надодаанд, вале худи Давлатзода сабаби ҳодисаро мушкили техникии мошин гуфтааст.

Моҳи феврали 2023 мошини хидматии Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода, додситони вақти ноҳияи Восеъро дар назди манзилаш дар шаҳри Кӯлоб оташ заданд. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ин ҳодисаро “амали қасдгирӣ” номид. Мақомот як сокини 50-солаи Кӯлобро бо иттиҳоми оташ задани мошини додситон боздошт карданд. Дар бораи ин ки тафтиши қазия то б куҷо расид ва оё он сокини Кӯлоб чӣ ҷазо гирифт?, дигар ягон хабар нашр нашудааст. Худи Ҷумъаназар Сайидаҳамадзода бошад чор моҳ баъд аз ин ҳодиса аз вазифаи додситонии ноҳияи Восеъ барканор карда шуд.

Рӯзи 19 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният тамоми роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҷануби ҷумҳурӣ, аз ҷумла минтақаи Кӯлобро бо ҷамъи муовинонашон аз кор ронд. Ба гуфтаи манобеи “Бомдод”, дар баробари хабари иштироки зодагони минтақаи Кӯлоб дар чанд ҳамлаи террористии “ДОИШ”, аз ҷумла дар ҳамлаи ахир дар шаҳри Кирмони Эрон, ки наздики 100 кушта ба ҷо гузошт, ва таркондани автобус дар Кобул, ки боиси ҳалокати 45 нафар шуд, “қатраи охирине, ки сабри президентро лабрез кард, ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҳизби халқии демократӣ дар шаҳри Кӯлоб шуд. Дар ҷаласаи Шӯрои амният Эмомалӣ Раҳмон сардорони ниҳодҳои қудратӣ дар Хатлону Кӯлобро ба ҳамин айбдор кард, ки аз паси пур кардани ҷайби худ гашта, вазифаи асосии худро фаромӯш кардаанд ва бо қонуншиканиҳову беадолатиҳои худро мардумро бо дасти худ ба домани гуруҳҳои террористӣ тела дода истодаанд”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

2 Comments

  1. Ҳами Вазиру кормандони амнияти Точикистон девона шуден!!!! Барои чи амали терористи? Магар намешуд ба чои терористи истифодаи калимаи хусумати шахси??? Барои чи точиконро дар арсаи байналмилали хамчун ТЕРРОРИСТ муарифи мекунед???? ВОЙ БАР ҲОЛИ ТОҶИК!!!!!!!!!!

  2. Калимаи “террорист” бренди асри 21 шудааст! гуяд:

    Баъид нест, ки чанде баъд ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рӯхдодаро “ҷанги бародаркушии террористӣ” биноманд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button