57 КУШТОРУ СӮИҚАСД, 107 ҒОРАТГАРӢ, 4241 ДУЗДӢ, 2762 ҚАЛЛОБӢ, 47 ТАҶОВУЗ… НАШРИ ОМОРИ РАСМИИ ҶИНОЯТҲОИ СОЛИ 2023

Бар асоси омори расмии ВКД Тоҷикистон, ки рӯзи 15 феврали соли 2024 дар нишасти хабарии ҷамъбастии ин вазорат ироа шуд, дар давоми соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ 21 ҳазору 319 (2022-22481) ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022 – 1 162 ҳолат кам мебошад. Дар як сол дар кишвар 57 куштор ё қасди куштор, 129 ҳолати расондани осеби вазнин, 19 роҳзанӣ, 107 ғоратгарӣ, 4241 дуздӣ, 2762 қаллобӣ ва 47 ҳолати таҷовуз ба номус сабт шудастю
Бар асоси омори расмӣ, одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор дар кишвар дар як соли охир нисбат ба соли 2022 беш аз ду маротиба, роҳзанӣ ду маротиба, ғоратгарӣ қариб 20%, дуздӣ қариб 20% камтар шудааст, вале дар айни замон ҷинояти таҷовуз ба номус қариб 30%, авбошӣ 15%, муомилоти маводи мухаддир қариб ду маротиба (аз 295 то ба 578 ҳолат!) афзоиш ёфта, ҳаҷми маводи мухаддири танҳо аз ҷониби кормандони ВКД мусодирашуда низ қариб ду маротиба афзуда, наздики 2,6 тоннаро ташкил додааст.
Ҳамин тавр, соли 2023 дар 1111 садама 519 нафар (103 нафар аз бештар аз як соли қабл) ба ҳалокат расида, 1179 каси дигар маҷруҳ шудаанд. Тайи соли гузашта 1236 сӯхтор дар кишвар 23 кушта ва қариб 48 миллион сомонӣ зарари моддӣ ба ҷо гузоштааст.
Бино ба омори ВКД, дар соли 2023 аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба куштор– 57 ҳолат (2022-128), роҳзанӣ – 19 (2022-38), ғоратгарӣ – 107 (2022-132), таҷовуз ба номус – 47(2022-37), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 129 (2022-137), авбошӣ – 1414 (2022-1227), қаллобӣ – 2762 (2022-2882), дуздӣ – 4241 (2022-5240), ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 35 (2022-40), тамаъҷӯӣ 47 (2022-51), муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 578 (2022-295) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор карда шудаанд.
Дар як сол аз аҳолӣ 316 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 593 кг (2022- 1 т 412 кг), аз ҷумла, ҳероин 347 кг 009 гр (2022 – 59 кг 794 гр ), афюн 132 кг 860 гр (2022-548 кг 906 гр), ҳашиш 2 т 56 кг 597 гр (2022 – 623 кг 960 гр), бангдона 29 кг 451 гр (2022 – 148 кг 111 гр) ва 27 ҳазору 250 (2022-22 160) адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира шудаанд.
Аз тарафи ноболиғон 555 (2022-737) ва аз тарафи ҷавонон 3020 (2022-3572) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби кормандони милитсия нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон 14 ҳазору 126 (2022-13 ҳазору 276) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба додгоҳҳо ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 533 (2022-409) ҳолат ба қайд гирифта, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Дар давоми соли 2023 бар асари 1111 (2022-1096) садамаи нақлиётӣ 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи садамаҳо 15 адад (1,4%), ҳалокшудагон 103 нафар (24,8%) зиёд шуда, маҷрӯҳшудагон баракс 18 нафар (1,5 %) камтар ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ тайи соли гузашта 1236 (2022-1234) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 23 (2022-18) нафар фавтидаанд. Маблағи зарар 47 миллиону 861 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи молу мулк аз сӯхтор наҷотдодашуда 851 миллиону 776 ҳазор сомониро ташкил дод.