2 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: “ТОЙОТА КОРОЛЛА” БА ФОНДАРЁ ЧАППА ШУД, СЕ НАФАР ҶОН БОХТАНД…

Субҳи 14 феврали соли 2024 дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бар асари ба Фондарё чаппа шудани мошини тамғаи “Тойота Королла” се нафар ба ҳалокат расиданд. Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри 2 акс аз ҷои ҳодиса дар иттилоияаш гуфт, ки дар рафъи оқибатҳои ин садамаи пурқурбонӣ нҷотбахшони ин ниҳод низ иштирок кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, субҳи 14 феврали соли 2024, соати 07:10 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар километри 124-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнии вилояти Суғд садама рух додааст.
Наҷотбахшони шуъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи водии Зарафшон ба ҷои ҳодиса омада, муайян кардаанд, ки ронандаи мошини тамғаи “Toyota Corolla”, сокини 25-солаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, ки аз шаҳри Душанбе ба тарафи Хуҷанд ҳаракат мекард, дар ин қисмати роҳ аз уҳдаи идоари воситаи нақлиёт баромада натавонистааст ва мошини ӯ аз баландӣ ба Фондарё сарозер шудааст. Дар натиҷа, ронанда ва ду мусофираш дар ҷои ҳодиса ҷон додаанд.
Наҷотбахшон бо кумаки таҳҷизоти кӯҳнавардӣ ба соҳили дарё фаромада, бо истифода аз васоили махсус ҷасадҳои ронанда ва ҳарду мусофирашро аз даруни мошин берун овардаанд ва ба мақомоти дахлдор супурдаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз ронандагон хостааст, ки дар роҳ аз ҳадди аксари эҳтиёт кор бигиранд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла суръатро қатъиян риоя кунанд.
Тафсилоти дигари садама дастрас нест.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.




Яке аз ҳадафҳои “стратегӣ”-и ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон “баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ” (нақлиётӣ) аст, вале 90%-и ин стратегия зоҳиран фақат азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои мавҷудаи дар замони шӯравӣ сохта шуда мебошад, ки ба “стратегия” монанд нест ва 10%-и дигар чанд километр нақб (тунел) ва чанд эстакада дар пойтахти кишвар, чанд купрук дар болои дарёи Панҷ дар 33-сол сохта шудааст. Тоҷикистон ба Уқёнус ва Баҳр, ҳатто ба дарёи байналмиллалӣ наздики нест ва дар шароити 93% кӯҳистон ҷойгир аст, бояд роҳҳои автомобилгард аз торҳои мӯйи сари тоҷикон зиёд бошанд.