ШИНОСНОМАИ ХОРИҶИИ МОДАРИ ГАДОЕВРО БО БАҲОНАИ “ЯК ХАТО ДОРАД” ПАС ГИРИФТААНД
Хадамоти шиносномадиҳии шуъбаи милитсияи ноҳияи Фархор шиносномаи хориҷии Оишамо Абдуллоева, модари 73-солаи Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши оппозитсионии ислоҳот ва рушди Тоҷикистонро ҳамагӣ баъди ду рӯзи дода шуданаш аз ӯ бо баҳонаи ислоҳи “як хато” пас гирифта, инак қариб се ҳафта боз пас намедиҳанд. Дар ин бора рӯзи 14 феврали соли 2024 Мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фархор то ҳол ин моҷароро шарҳ надодаанд, вале бино ба нақли Гадоев, ки ин корро “ноҷавонмардӣ” мешуморад, шиносномаеро, ки худашон дода буданд, бо фиреб аз модари пири ӯ пас гирифтаанд.
“Модари ман аз чанд беморӣ, аз ҷумла аз дарди дилу фишору хун ва диабети қанд ранҷ мекашад ва мо мехостем, ки баъди шиносномаи хориҷӣ гирифтанаш ӯро барои табобат ба хориҷ аз кишвар, ба эҳтимоли ғолиб, ба Туркия бубарем. Дар аввал дар хадамоти шиносномадиҳии шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор бидуни ягон мушкил барояш шиносномаи хориҷӣ дуруст карданд ва дар поёни моҳи январ ба дасташ доданд. Фикр мекунам, азбаски насаби модари ман Абдуллоева аст, шояд дар аввал нафаҳмиданд, ки ӯ модари Гадоев аст. Баъди ду рӯз, вақте фаҳмиданд, ки ба кӣ шиноснома додаанд, шитобон ба хонаамон дар маркази ноҳияи Фархор омада, модари пирамро фиреб додаанд, ки гӯё дар шиносномааш чизеро хато навиштаанд ва он хаторо ислоҳ карда, баъди ду рӯзи шиносномаро дар шакли дурустшуда бармегардонанд. Вале инак 17 рӯз гузашт, вале чунин ба назар мерасад, ки дигар ба модари пири ман шиноснома доданӣ нестанд”, – нақл кард Гадоев.
Ин сиёсатмадори мухолиф муътақид аст, ки бо чунин шева мақомот мехоҳанд барои фаъолиятҳои оппозитсионии ӯ тавассути модараш ниқор бигиранд: “Мехоҳанд хешовандони моро ҳамчун гаравгон дар дохил нигоҳ бидоранд. Чунин шеваи бераҳмонаи бархӯрд нисбат ба хешовандони мухолифони ҳукумат ҳатто дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки як гуруҳ ба зидди ҳукумат бо яроқ меҷангид, набуд. Бархе ойинҳои ҷавонмардӣ ҳатто дар замони ҷанг риоя мешуд. Ҳоло дигар ягон хатти сурх вуҷуд надорад: ҳам меъёрҳои ахлоқӣ, ҳам меъёрҳои динии мусулмонӣ, ҳам меъёрҳои фарҳанги тоҷикии муносибат, ҳамаро поймол карда истодаанд”.
Мақомот то ҳол ин моҷарои шиносномаи модари Гадоевро ягон шарҳ надодаанд, вале дар гузашта фаъолони дигари мухолифин низ дар бораи барои фаъолиятҳои оппозитсионии онҳо таҳти таъқибу фишор қарор гирифтани хешовандонашон ва аз ҷумла манъи сафари онҳо ба хориҷ ва мусодира шудани шиносномаҳои хориҷиашон шикоят карда буданд.
Аз ин қабл моҳи октябри соли 2023, дар пайи тазоҳуроти мухолифини тоҷик дар рӯзҳои сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин, кормандони шабакаи барқи ноҳияи Фархор симҳои барқи хонаи Гадоевро бурида, интиқоли барқро ба хонаи ӯ қатъ карда буданд.
Масъулони шабакаи барқ ва дигар мақомоти ноҳияи Фархор ин қазияро он вақт шарҳ надоданд, вале Оишамоҳ Абдуллоева, ки дар манзилаш дар маркази ноҳияи Фархор ҳамроҳи як набераи ноболиғи 12-солааш зиндагӣ мекард, дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфта буд, ки аз пули барқ қарздор набуд.
“Вале онҳо гуфтанд, ки фармон аз боло аст. Онҳо гуфтанд, ки писарат дар Берлин ба зидди президент гап задааст ва ба мо аз Кӯлоб амр доданд, ки сими барқашро бибуред”, – нақл карда буд Оишамо Абдуллоева.
Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли 2023, дар рӯзҳои сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Берлин гуруҳе аз фаъолони оппозитсияи тоҷик дар пойтахти Олмон чанд тазоҳуроти эътирозӣ доир карда, чанд тан аз мухолифон ҳатто мошини президент Раҳмонро, ки ба мулоқот бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс мерафт, бо тухм заданд. Дар эътирозҳои Берлин Шарофиддин Гадоев низ иштирок ва чандин бор бо интиқод аз ҳокимони кунунии Тоҷикистон суханронӣ карда буд.
Шарофиддин Гадоев 19 майи соли 1985 дар маркази ноҳияи Фархор ба дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ шарики тиҷоратии соҳибкори шинохта Умаралӣ Қувватов буд ва соли 2012 баъди аз дасти онҳо гирифтани ширкатҳои “Фароз” ва “Тоҷирон” ва ҳама тиҷоратҳои пурравнақашон ҳамроҳи Қувватов тарки Тоҷикистон кард.
Шарофиддин Гадоев яке аз аввалин нафароне буд, ки ба “Гуруҳи 24”, ҳаракати оппозитсионии дар хориҷ таъсисдодаи Умаралӣ Қувватов ҳамроҳ шуд ва то кушта шудани Қувватов дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона дар Истанбул дар санаи 5 марти соли 2015 муовини раҳбари “Гуруҳи 24” ва баъди марги Қувватов як муддат роҳбари аввали ин созмони оппозитсионӣ буд.
Шарофиддин Гадоев соли 2015 ба Аврупо паноҳ овард ва ҳоло дар Ҳолланд ба сар мебарад.Ӯ аз соли 2018 раҳбарии ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, як гуруҳи оппозитсионии узви эътилофи дар худи ҷумҳурӣ мамнӯи Паймони миллии Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Моҳи феврали соли 2019 Гадоевро зимни сафараш ба Маскав ба таври мармуз рабуда, бо ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон бурданд. Ин қазия сарусадои зиёде ба по кард ва дар пайи дахолати давлатҳои Аврупо мақомоти Тоҷикистон Шарофиддин Гадоевро алакай баъди 17 рӯз раҳо карданд ва ӯ субҳи 2 марти соли 2023 бо парвози Душанбе – Франкфурт ба Аврупо баргашт. Иттифоқан боз ҳам бо ҳавопаймои ҳамон ширкати “Сомон Эйр”.
Мақомот метарсанд, ки модари 73-сола бо баҳонаи табобат ба хориҷи кишвар рафта, дар Аврупо “мушовири аршад”-и мухолифин ба кор шурӯъ мекунад? Бизнесу тиҷораташро аз дасташ гирифтед, соли 2019 ӯро дӯздида, талхакафаш кардед, акнун модарашро барои табобат ё ҳар коре бигузор сафар кунад, диктатура ҳам ҳадду андоза дошт?!!