ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

САФИЯХОНРО МЕҶУСТАНД, ВАЛЕ ҶАСАДИ ДУ ЗАНИ ДИГАРРО ЁФТАНД…

Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ғаввосони ин ниҳод дар ҷараёни ҷустуҷӯи  Сафияхон Раҳматоваи 9-сола дар дарёи Сир ҷасадҳои ду зани дигари ғарқшударо пайдо карда, аз об берун кашидаанд.

Аз ҷумла рӯзи 12 феврал ғаввосони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд дар мавзеъи ҷамоати деҳоти Ёва, тахминан як километр пойинтар аз пули мошингузари Дӯстӣ, дар рӯбарӯи осоишгоҳи “Диёри Азиз” ҷасади як занро пайдо кардаанд.

“Маълум шуд, ки ӯ истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиев, ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 30 сол доштааст. Бино ба гуфтаи хешовандонаш, вай рӯзи 23-уми декабри соли 2023 аз хона баромада, дигар барнагашта буд. Сабаби ғарқ шудани ин ҷавонзани 30-сола маълум нест”, – хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ҳамчунин рӯзи 9 феврали соли 2024 дар ҷараёни ҷустуҷӯи Сафияхон, ғаввосон ҷасади як зани дигарро ҳам пайдо карданд. Ӯ сокини кӯчаи Билоли ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, 59 сол доштааст.

Хешовандонаш гуфтаанд, ки марҳум 21 январи соли равон аз хона берун шуда, дигар барнагашт ва то кунун ҳама талошҳои пайдо кардани ӯ ба нокомӣ анҷомида буд.

Ҷасади ин занро ғаввосон соати 13:20 дақиқаи рӯзи 9-уми феврал дар дарёи Сир, тақрибан 700 метр пойинтар аз пули “Хитой”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёва пайдо кардаанд.

“Чуноне дида мешавад, ҷустуҷӯи ҷасади як ноболиғи гумшуда, сабаби пайдо шудани ду ҷасади дигар ва он ҳам тахминан дар як мавзеи рӯи Сир шуд. Дар мавриди ноболиғ Сафия, ки ҷустуҷӯи ӯ бидуни танаффус идома дорад, метавон гуфт, ки ҳанӯз ҳам дақиқ нест, ки оё ин духтари 9-сола дар об ғарқ шудааст ва ё ба сабаби кадом ҳодисаи дигар нопадид шудааст? Аммо ин умед аст, ки аз ҳама охир мемирад. Ҷустуҷӯ идома дорад. Ҳамагон ба умеди онанд, ки ин ноболиғ саранҷом зинда пайдо шавад”, – навиштааст маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Сафияхон Раҳматова, хонандаи синфи 3-и гимназияи № 1-и шаҳри Хуҷанд, 7-уми феврали соли 20234 бедарак шуд. Бори охир ӯ ҳангоми сайругашт дар соҳили дарёи Сир дар назди Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ ба дурбини видеокамераҳои назоратӣ афтодааст.

Волидони Сафияхон худи ҳамон рӯз аз мардум ва мақомот барои ҷустуҷӯи фарзандашон кумак хостанд. Ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд қаблан хабар дод, ки барои ҷустуҷӯи Сафияхон дар дарёи Сир 7 ғаввос аз ин ситод сафарбар шудаанд.

Ин аввалин ҳодисаи гум шудани кӯдакон дар вилояти Суғд дар соли 2024 мебошад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button