ВидеоКоррупсияСиёсатТоҷикистон

НАВБАТИ ДОДСИТОНӢ РАСИД: БАРКАНОРИИ ПРОКУРОРҲОИ 7 ШАҲРУ НОҲИЯ ВА ЧАНД САРДОРИ РАЁСАТ

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 14 феврали соли 2024 хабар дод, ки дар мувофиқа бо президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои муовини якуми прокурори вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, муовини якум ва муовини прокурори вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, прокурорҳои ноҳияҳои Рӯшон, Қубодиён, Ҷаббор Расулов, Нуробод, прокурорҳои шаҳрҳои Панҷакент, Истиқлол ва Роғун, ҳамчунин сардорони чанд раёсати дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ иваз карда шуданд. Хадамоти матбуоти президент гуфт, ба ҷои нафарони барканоршуда ба ин мансабҳо “кадрҳои ботаҷриба ва ҷавону дорои маҳорати хуби касбӣ”а таъйин гардидаанд.

Номи нафарони таъйиншуда ва мансабҳои қаблиашон нашр нашудааст. Дар бораи сарнавишти онҳое, ки аз мақомҳои худ барканор гардиданд, низ чизе гуфта намешавад.

Хадамоти матбуоти президент гуфт, рӯзи 14 феврал Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои таъйиншуда ва кормандони дигари соҳаи додситониро ба ҳузур пазируфта, зимни суҳбат доир ба назорати татбиқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз он, бахусус ҷиноятҳои вобаста ба терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қаллобӣ ва заминфурӯшӣ дастуру супоришҳо додааст. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба забондонии кормандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда,

ба тамоми кормандони мақомоти прокуратура дар баробари забони модарӣ барои аз худ кардани ду забони хориҷӣ як сол муҳлат додааст.

Ӯ ду рӯз пеш ба кадрҳои таъйиншуда ба мақомҳои раҳбарӣ дар додгоҳҳои Тоҷикистон низ барои омӯхтани камаш ду забони хориҷӣ як сол муҳлат дода, таъкид карда буд, ки ҳамаи мансабдорон бояд дар як сол камаш ду забони хориҷиро аз бар кунанд.

“Агар хоҳед дар коратон комёб бошед ва соҳиби обурӯ шавед, бо мардум наздик фаъолият намоед, зеро иззату эҳтиром бо амру фармон дода намешавад”, — таъкид дкардааст Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми суҳбаташ бо кормандони прокуратура.

Тайи чанд ҳафтаи охир Эмомалӣ Раҳмон дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ тағйироти кадрии ҷиддиеро ба амал овард. Рӯзҳои охир чунин тағйирот дар ниҳодҳои ВКД, Кумитаи амният, Агентии мубориза бо коррупсия ва додгоҳҳо низ сурат гирифта буд. Дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бошад ҳамаи роҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ иваз карда шуданд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 19 январи соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амният аз сатҳи пасти касбӣ, ноуҳдабароӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ, роҳ додан ба ҳолатҳои коррупсионӣ, зиёд шудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, даст задани баъзе кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, назоратӣ ва сохторҳои низомӣ ба қочоқи маводи нашъаовар ва молу маҳсулот, ба саффи мақомот ба кор қабул намудани шахсони тасодуфӣ ва ғайрикасбӣ, интихобу ҷобаҷогузории нодурусти кадрҳо аз ҷониби роҳбарон дар вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб бо овардани мисолҳои мушаххас ба тундӣ интиқод кард ва супориш дод, ки тамоми роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ниҳодҳои қудратии вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб, бо шумули додситонҳо бо муовинонашон, сардорон ва муовинони сардорони милитсия, Агентии мубориза бо коррупсия, Агентии мубориза бо маводи мухаддир, гуруҳҳои фаврии Кумитаи давлатии амнияти миллиро аз мансаб биронанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷаласа ҳамчунин аз мақомҳояшон рондани бархе аз роҳбарони раёсатҳо дар дастгоҳҳои марказии вазоратҳои қудратиро ҳам талаб карда, билофосила баъди анҷоми ҷаласа фармони 30 фоиз ихтисор кардани шумораи кормандони БДА-ро имзо кард. Ба ҷои кормандони ихтисоршудаи БДА акнун дар роҳҳо шумораи радарҳоро зиёд карданианд.

Таъиноти кадрӣ дар мақомоти прокуратура  14.02.2024

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button