ВидеоМуҳоҷиронҲодиса

ҲАВОПАЙМОИ ПЕТЕРБУРГ – ДУШАНБЕ БАРОИ ЯК МУСОФИРИ ШӮРАПУШТ ДАР НИМИ РОҲ ДАР САМАРА НИШАСТ

Рӯзи 12 феврали соли 2024 ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии”, ки аз фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон парвоз мекард, маҷбур шуд, ки ба сабаби рафтори авбошонаи як мусофираш парвозашро дар ними роҳ қатъ карда, дар фурудгоҳи Курумочи шаҳри Самара фуруд биояд.

Дар ин бора рӯзи 13 феврал Telegram-канали Aviaincident хабар дод. Ин канал ҳодисаҳои фавқулодда дар фурудгоҳҳо ва ҳангоми парвозҳоро пайгирӣ мекунад.

Бино ба иттилои “Авиаинтсидент”, ҳавопаймои тамғаи “Airbus A320” бо мусофиронаш нимаи дуюми рӯзи 12 феврал аз фурудгоҳи Пулково ба қасди Душанбе ба парвоз хест. Соати 18:12 ба вақти Маскав экипажи ҳавопаймо ба диспетчерҳои минтақаи Самара дар бораи рафтори пархошҷӯёнаи яке аз мусофирон хабар дод ва барои нишасти изтирорӣ иҷозат хост. Экипаж  сигнали “фаврӣ” надод, вале хостааст, ки баробари расидан ба фурудгоҳи Курумоч кормандони пулисро ба дохили ҳавопаймо фиристанд.  

Соати 19:51 ба вақти Маскав ҳавопаймо дар фурудгоҳи Курумоч фуруд омад ва кормандони пулис мусофири шӯрапуштро дастгир карданд. Номи ин мусофир, ки сабаби қатъи парвоз шуд, нашр нашудааст. Дар бораи инки ин ҳавопаймо кай аз Самара парвозашро ба самти Душанбе идома дод?, низ дар хабар чизе гуфта нашудааст.

Қариб ҳар моҳ дар бораи нишастҳои изтирории ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, хабарҳо ба гӯш мерасанд. Вале дар аксари кулли ҳолатҳо ҳавопаймоҳо ба далели ногаҳон хуруҷ кардани бемории мусофиронашон парвози худро қатъ мекарданд.

Ҳолатҳои ба далели рафтори номуносиби мусофирон қатъ шудани парвозҳо хеле кам аст. Маъмулан аъзои экипаж худашон бо кумаки мусофирони дигар чунин масъалаҳоро ба таври фаврӣ ҳал карда, мусофирони шӯрапуштро, ки аксаран дар ҳолати мастӣ дар дохили ҳавопаймо даст ба авбошӣ мезананд, бо ягон роҳ “ором” мекунанд.

Ҳамин Телеграм-канали Авиаинтсидент хабар дод, ки ҳамон рӯзи 12 феврали соли 2024 боз ҳам дар минтақаи масъулияти диспетчерҳои Самара, ҳангоми парвоз Александр Голов ном мусофири ҳавопаймое, ки аз фурудгоҳи Шереметевои Маскав ба Магнитогорск парвоз мекард,  шӯрапуштӣ карда, мусофирони ҳамсояашро ғам додааст. Аъзои экипаж дар аввал ба вай  ҳушдори хаттӣ дода, Головро ба қисмати қафои ҳавопаймо бурда, онҷо дур аз дигарон шинондаанд.

 “Ягон 10 дақиқа қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо Голов нисбат ба аъзои экипаж рафтори пархошҷӯёна намоиш дод. Бо кумаки мусофироне, ки дар назди ӯ нишаста буданд, Александр Головро ба воситаи тасмаҳои курсии нишаст бастанд ва то нишастани ҳавопаймо  таҳти назорат нигоҳ доштаанд. Баъди фуруд омадани ҳавопаймо Головро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи Магнитогорск супурдаанд”, – хабар медиҳад “Авиаинтсидент”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button