ДАР ДЕВАШТИЧ ЯК МӮСАФЕД МӮСАФЕДИ ДИГАРРО КОРД ЗАДААСТ
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 феврали соли 2024
Муноқишаи ду мард дар ноҳияи Деваштич
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 64-солаи сокини ноҳияи Деваштич 11-уми феврали соли 2024, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи мазкур қарор доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 62-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, якчанд маротиба бо корди хоҷагӣ ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ошкор шудани ғоратгарии телефонҳои мобилӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ёвон бо ариза марди 47-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ муроҷиат намудааст, ки 4-уми феврали соли 2024, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 2-адад телефонҳои мобилиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 21 ва 25-солаи сокинони ноҳияи Ёвон, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

