ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО ДАР РУСИЯ БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН РУБЛ(!!!) ФИРЕБ ДОДААСТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти боз як нафар бо иттиҳоми дар Русия ба маблағи бузург фиреб додани як ҳамватанаш  хабар дод.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Рашт ҳангоми дар шаҳри Красноярски Федератсияи Русия қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини ноҳияи Рашт даромада, 15-уми феврали соли 2021, бо баҳонаи дар шаҳри Душанбе харидани манзили зист аз вай маблағи 5 миллион рубли русӣ, мутаносибан ба асъори миллӣ 756 ҳазор сомониро гирифта, ваъда додааст, ки кор карда, аз ҳисоби музди меҳнаташ ин пулҳоро бармегардонад. Ҳамин тавр, бори дуюм боз ҳам бо баҳонаи эҳтиёҷоти рӯзмарраи худ  ин сокини Рашт дигарбора ба боварии ҳамон ҷабрдида даромада, маблағи 3 миллион рубли русӣ,  мутаносиб ба асъори миллӣ 423 ҳазор сомониро гирифта ваъда медиҳад, ки ин маблағро ҳам аз ҳисоби музди меҳнаташ дар давоми фаъолияти корияш бамегардонад.

Баъдан номбурда 21-уми майи соли 2021 аз Русия ба Тоҷикистон фирор карда, то имрӯз дигар ба онҷо барнагашта, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати худаш сарф кардааст ва бо ин кирдораш, ба гуфтаи ВКД, ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Тафсилоти дигари парванда ва назари тарафҳо дастрас нест. Вале муҳоҷирони тоҷик дар Русия бисёр шикоят мекунанд, ки пайваста ба доми фиреби қаллобон, аз ҷумла қаллобони ҳамватани худ меафтанд ва пулҳои бо азоб кор кардаашонро аз даст медиҳанд.

Қаллобӣ  дар умум баъди дуздӣ дуюмин навъи аз ҳама роиҷи ҷиноят дар Тоҷикистон ба шумор мешавад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор ҳолати қаллобӣ сабт карда мешаванд ва амалан қариб ҳар ҷинояти ҳафтуми дар Тоҷикистон содиршуда ин қаллобӣ мебошад.

Вале коршиносон мегӯянд, боз ҳам омори расмӣ тамоми ҳолатҳои мавҷудаи қаллобиро дар Тоҷикистон инъикос намекунад. Дар бархе ҳолатҳо ҷабрдидаҳо муроҷиат ба мақомотро беасар шумурда, то охир кӯшиш мекунанд, ки масъаларо бо худи қаллоб ё наздиконаш ҳал кунанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки кормандони мақомот аз сабти аризаи ҷабрдидаҳо аз қаллобӣ саркашӣ мекунанд. Аз ҷумла агар дар паси нафар ё нафарони муттаҳам ба қаллобӣ пуштибонҳои пурнуфуз истода бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button