БОЗДОШТИ СЕ РОНАНДА БАРОИ ПОЙГА ВА ХУДНАМОӢ ДАР МАРОСИМИ ТӮЙ (6 АКС)
Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 12 феврали соли 2024 аз боздошти 3 ронанда барои ташкили ҳаракати гурӯҳии хатарзо дар маросими тӯй хабар дод.
Санаи 11-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он лаҳзаи ҳаракати гурӯҳӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби як гурӯҳ ронандагон инъикос ёфта буд. Дар навор ҳамчунин дида мешуд, ки се ҷавон худро аз тирезаҳои паҳлуии мошини тамғаи “Опел” ба берун бароварда, ҳолати хатарнокро ба вуҷуд овардаанд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт ва Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ як қатор чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуда, дар натиҷа муайян карда шуд, ки ин ҳодиса дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода рух дода, ронандагони дар навор инъикосёфта ва мусофирони онҳо ҳангоми иштирок дар маросими тӯй ба чунин қоидавайронкунӣ даст задаанд.
“Вобаста ба ин, ронандагони мошини тамғаи “Опел”, рақамҳои қайди давлатиаш 01 01 АР 07, Амирҷонов Ҳокимҷон Ҳомидҷонович, мошини тамғаи “КИА”, рақамҳои қайди давлатиаш 64 00 OU 01, Шодизода Рустам Атохӯҷа ва ронандаи мошини тамғаи “Тойота”, рақамҳои қайди давлатиаш 88 89 ER 01, Нуров Фаридун Раҳматуллоевич, боздошт карда шуда, воситаҳои нақлиёти онҳо ба ҷаримагоҳи муваққатӣ дастрас карда шуданд. Ҳамзамон нисбат ба номбурдагон тибқи талаботи моддаи 328 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати қабули қарори қонунӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт.
Моддаи 328 КҲМ ҶТ барои иштироки ронандагони воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати муштарак дар шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар амалҳое, ки ба ҳаракат дар роҳ халал мерасонанд ё ба бехатарии ҳаракат таҳдид менамоянд, ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 216 то 360 сомонӣ) ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба мӯҳлати се моҳ муқаррар кардааст.
Аз ин бадтар, писарони мансабдору пулдор мастона одам пахш мекунанду натанҳо аз ҷойи ҳодиса, балки аз ҷавобгарӣ ҳам фирор мекунанд. Ва иттифоқан, ин пойгаву худнамоиро “табақаи поён” аз “табақаи боло” ёд мегиранд, агар табақаи боло ҷазои сазовор бигирад, табақаи поён даст ба ин амал намезанад!!!