ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷирон

ОЗАРБОЙҶОН ҶАНГҶӮИ ТОҶИК МАЪМУР ЮСУПОВРО БА МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН СУПУРД

Додситонии кулли Озарбойҷон рӯзи 10 феврали соли 2024 хабар дод, ки дархости Додситонии кулли Тоҷикистон дар мавриди ба Душанбе супурдани Юсупов Маъмур Икромович, соли таваллудаш 1976, шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба иштироки ғайриқонунӣ дар ҳайъати гуруҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави кишварҳои дигар айбдор мешавад, қонеъ гардонд.

Бино ба иттилои додситонӣ, Маъмур Юсупов моҳи июли соли 2023 дар қаламрави Озарбойҷон дастгир шуда,  то баррасии парвандаи истирдодаш 7 моҳ боз  дар ҳабс қарор дошт.

 “Бар асоси паймони 7 октябри соли 2002 имзошуда “Дар бораи кумаки ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ” дар мавриди истирдоди айбдоршаванда қарор қабул карда шуд ва ӯро бо ҳамроҳии конвойи махсуси Хадамоти зиндонҳои вазорати адлияи Озарбойҷон ба дасти мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурданд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи Додситонии кулли Озарбойҷон.

Дар бораи инки Маъмур Юсуповро кай ва дар куҷо: дар худи Боку ё дар Душанбе ба мақомоти Тоҷикистон супурдаанд?, дар иттилоия маълумоте дода нашудаст. Дар бораи ин ки оё Маъмур Юсупов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон барои иштирок дар низоъҳои мусаллаҳона дар кадом кишвар айбдор мешавад ва чӣ гуна ба Озарбойҷон омаданаш низ чизе гуфта нашудааст.

Вале мақомоти Тоҷикистон маъмулан бо чунин иттиҳоми “иштироки ғайриқонунӣ дар ҳайъати гуруҳҳои мусаллаҳ дар қаламрави кишварҳои дигар” ба зидди онҳое парванда мекушоянду таҳти ҷустуҷӯ қарор медиҳанд, ки ба Ироқу Сурия ё Афғонистон рафта, ба саффи гуруҳҳои ифротию террористие, ба мисли ДОИШ ҳамроҳ мешаванд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар умум дар солҳои охир беш аз 2000 аз шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштанашон ба доми фиреби мубаллиғони гуруҳҳои ба ном “ҷиҳодӣ” афтода, бархе ҳатто хонахез бо ҳама аҳли хонаводаҳояшон ба Ховари Миёна (асосан ба Сурияву Ироқ) ё ба Афғонистон рафта, ба саффи гуруҳҳои ҷангҷӯе, ба мисли ДОИШ пайвастаанд. Ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, тақрибан 400 тан аз ҷангҷӯёни тоҷик дар ҷараёни саркӯби нирӯҳои ДОИШ дар Ироқу Сурия кушта шуда, беш аз 400 зану кӯдакони онҳо дар он ду кишвар ба асорат афтоданд. Мақомоти Тоҷикистон тавонистанд тақрибан 200 кӯдаки тоҷикро ба Ватан баргардонанд, вале боз ҳам ҳудуди 200 зану кӯдаки дигари тоҷик дар урдугоҳҳову зиндонҳои Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд.

Дар бораи шахсияти Маъмур Юсупов маълумоти зиёде дар даст нест.

Дар сомонаи харидҳои давлатии Русия (Госпоставки.Ру) маълумот дар бораи соҳибкори инфиродӣ бо айни ному насаб ҷой дода шудааст. Бино ба ин манбаъ, Юсупов Маъмур Икромович ҳамчун соҳибкори инфиродӣ 14 майи соли 2008 дар шаҳри Красноярск сабти ном шуда, соҳаи асосии фаъолияташро “савдои чакана  дар палаткаҳо ва бозорҳо” нишон додааст ва ИНН бо рақами 246490016954 ва ОГРН бо рақами 308246813500265 гирифтааст. Аммо сомонаи харидҳои давлатии Русия дар шарҳи мақоми феълии ин соҳибкори инфиродӣ хабар додааст, ки ӯ фаъолияташро қатъ кардааст.

Номи Юсупов Маъмур Икромович, санаи таваллудаш 26 марти соли 1976, таҳти №2309 дар рӯйхатти сиёҳи Бонки миллии Тоҷикистон, ки таҳти унвони “Рӯйхатти шахсоне, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсони алоқаманд бо терроризм нишон дода шудаанд” низ ҳаст.  Ин рӯйхатти сиёҳи дар ҳоли ҳозир иборат аз 2547 ном асосан ҷангҷӯёни узви ДОИШ, Ансоруллоҳ ва дигар гуруҳҳои ҷангҷӯи мазҳабиро дар бар мегирад, вале мақомоти Тоҷикистон ба он бархе роҳбарон ва фаъолони мухолифин, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари як эътилофи умдаи оппозитсияи тоҷик, ва писари ӯ Рӯҳуллоҳ Тиллоевро низ шомил кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button