Ҳодиса

ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН КАМАШ ТО 12 ФЕВРАЛ БОҚӢ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон  бо нашри ҳушдори ҷадид ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар расонд, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои 10-12 феврали соли 2024 дар навоҳии кӯҳистони тобеъи ҷумҳурӣ хатари фурӯрезии тармаҳо боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот КҲФ бори дигар ба шаҳрвандон муроҷиат мекунад, ки дар ин гуна рӯзҳои равуои худро аз тариқи ин роҳҳо маҳдуд кунанд. Рафтан ба шикору ғунучини ҳезум, роҳандозии корҳои кишоварзӣ ва моҳидорӣ низ маслиҳат дода намешавад.

Кумита аз ронандагоне, ки мехоҳанд бо роҳҳои кӯҳистон сафар кунанд, хоҳиш мекунад, ки қабл аз сафар ҳолати фаннии мошини худро аз назар гузаронанд. Сафар бо чархҳои тобистона дар фасли зимистон ва боз аз роҳоҳои пурхатари кӯҳӣ маслиҳат дода намешавад.  

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон хеле эҳтиёткор бошанд. Суръати ҳаракати мошинҳои худро боло набаранд ва фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button