ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 феврали соли 2024 аз ошкор шудани як ҳолати латтукӯби бераҳмонаи ҳамсар аз сӯи шавҳари бадҷаҳл хабар дод, ки ин зани ба ҷонашро расидаро водор ба қасди худкушӣ кардааст. Хушбахтона, табибон тавонистанд ҷони ин ҷавонзанро аз марг наҷот диҳанд.
Бино ба иттилои милитсия, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Варзоб бо гумони қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти ВКД, “гумонбаршаванда 27-уми январи соли 2024, тахминан соати 17:30-дақиқа, дар дохили хонаи истиқоматиаш ҳамсари 30-солаашро бе ягон асос бо истифода аз лӯлаи резинӣ (шланг) бо бераҳмии махсус лату кӯб намудааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба лату кӯби бераҳмона тоб наоварда, бо мақсади сӯиқасд ба худкушӣ бо корд банди дасти чапашро бурида, сипас 30 адад дорувориҳои гуногун ва маҳлули “Сирко”-ро истеъмол намуда, заҳролуд шудааст. Ҷавонзан баъди ин дар ҳолати вазнин бо заҳролудшавии шадиди бадан аз тарафи худи гумонбаршаванда ба беморхона дастрас карда шудааст”.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва сабаби муноқишаи зану шавҳар, ки бо чунин оқибати вазнин анҷомид, шарҳ дода нашудааст. Худи ин марди дастгиршуда ё наздиконаш ва ҳамин тавр, ҳамсари ҷабрдидааш барои шарҳи қазия дастрас нестанд.
ВКД гуфт, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин бори аввал нест, ки аз Тоҷикистон дар бораи зӯроварии шавҳарон нисбат ба ҳамсаронашон хабарҳо ба даст мерасанд.
Аз ин қабл гузориш шуда буд, ки шоми 19 январи соли 2024, тақрибан соати 19, шаҳрванд Асадов Шаҳзод Қамарович, соли таваллудаш 2000, зодаи шаҳри Панҷакент, муваққатан сокини деҳаи Қалъачаи Баковул дар канори шаҳри Истаравшан ба шиками ҳамсараш Норқулова Хуршеда Кимсановна як зарбаи корд зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расондааст. Он ҳам дар ҳоле ки Хуршеда ҳомила буд.
Шаҳзод Асадов дар барнома эътироф кард, ки муноқишаи онҳо дар заминаи рашк сар задааст.
Ӯ гуфт: “Ман бо телефон бо як зани бегона гап мезадам, ки вай ногаҳон ба хона даромад ва ҷанҷолро сар кард. Ман ду шаппотиаш задаму гуфтам, ки ҷим шин. Вале вай боз баландтар ғалоғӯла кард. Маст ки будам, нафаҳмидам, чӣ хел корд ба вай расидааст…”
Хушбахтона, бо кумаки табибон тавонистанд ҳам Хуршеда Норқулова ва ҳам тифли батни ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Акнун ҳам ба сокини Варзоб ва ҳам ба Шаҳзод Асадов барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ тибқи моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон чанд соли зиндон таҳдид мекунад.
Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё сӯиқасд ба куштори хешовандони наздик дар ҷараёни муноқишаҳои оилавӣ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Дар бештари мавридҳо шавҳарон ва асосан дар заминаи рашк қасди ҷони ҳамсарони худ мекунанд.
Ҷомиашиносон афзоиши чунин ҷиноятҳои сангини хонаводагиро ба уфти арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомиа рабт медиҳанд. Рӯҳониён аз арзишҳои мазҳабӣ дур шудани мардумро сабаби чунин тамоюл дар ҷомиа ном мебаранд.