Хабарҳои кӯтоҳ

6 САР ЧОРВОИ КАЛОНИ ЯК ПИРАМАРДИ 70-СОЛАРО АЗ САРИ ЗАМИН ДУЗДИДААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 10 феврали соли 2024 аз ошкор шудани дуздии 6 сар чорво дар Турсунзода хабар дод.

Ба иттилои милитсия, ба  ШВКД шаҳри Турсунзода бо ариза пирамарди 70-солаи сокини ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият муроҷиат намудааст, ки 22-юми январи соли 2024, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз сари заминҳои ин ҷамоати дар гузашта ба номи Чапаев 6 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 42 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 3800 долларро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Ҷамоати 10-солагии Истиқлолият (собиқ Чапаев) дар 60-километрии ғарби Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ҷойгир шудааст.

Дуздӣ яке аз ҷиноятҳои аз ҳама роиҷ ба шумор рафта, нимаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 2229 ҳолати дуздӣ, соли 2022 4 ҳазору 868 ҳодисаи дуздӣ ва соли 2021 6019 чунин ҳодиса сабт шудааст. Ин тақрибан чоряки ҷамъи ҷиноятҳои содиршударо дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Вале бовар меравад, ки шумораи воқеии дуздиҳо дар Тоҷикистон хеле бештар аз ин омори расмист, чунки дар бисёр мавридҳо шаҳрвандони мол ё пулашон дуздидашуда сарфи вақту нирӯ барои ҷустуҷӯи дуздонро беҳуда дониста, ба мақомот муроҷиат намекунанд. Мақомот низ бисёр вақт барои зиёд нашудани шумораи ҷиноятҳои ошкорнашуда аз сабти шикоятҳо аз дуздӣ бо ҳар роҳ саркашӣ мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button