НАХУСТИН МУСОҲИБАИ ПУТИН БО ЖУРНАЛИСТИ ҒАРБӢ БАЪДИ ДУ СОЛИ ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА (ВИДЕО)
Такер Карлсон, муҷрии собиқи шабакаи телевизионии “FOX News”, мусоҳибаи чолишбарангезаш бо раисҷумҳури Русия Владимир Путинро шаби панҷшанбе 8-уми феврали соли 2024 дар сомонаи шахсии ӯ ва дар саҳифааш дар шабакаи “X” (собиқ “Twitter” ) нашр кард. Алакай дар байни чанд соати аввал ва танҳо дар шабакаи “Х” ин мусоҳибаро 75 миллион нафар тамошо кардаанд.
Вақте Такер аз қабл эълон кард, ки мусоҳибааш бо Путинро дар шабакаи собиқ “Твиттер” наҳо мекунад, “Twitter” дар “App Store” аз ҳама серхаридор шуд ва садҳо ҳазор корбари нав то замони нашри мусоҳибаи Путин ин барномаро ба дастгоҳҳои худ насб карданд.
Мусоҳиба дар умум 2 соату 7 дақиқа давом ёфта, дар ин муддат Карлсон ба Путин ҳамагӣ 7 суол дод. Путин дар навбати худ ба пурсишҳои Карлсон хеле ҷавобҳои тӯлонӣ дод.
Ин аввалин мусоҳибаи Путин бо як рӯзноманигори ғарбӣ пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина аз феврали соли 2022 буд. Эҳсос мешуд, ки Путин хеле мехоҳад дилашро ба касе холӣ кунад ва аз ин рӯ, мусоҳиба амалан ба монологи тӯлонии дусоатаи ӯ табдил ёфт.
Аввалин суоли Такер Карлсон аз Путин ин буд, ки далели ӯ барои судури фармони ҳамла ба хоки Украина чӣ буд?
Муҷрии амрикоӣ аз Путин пурсид, ки “чӣ шуд, ки яку якбора фикр кардед, ки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба Русия ҳамла мекунад, чӣ тавр ба чунин хулоса расидед?”
Дар ҷавоб Путин афзуд, ки “магар ин Амрико набуд, ки мехост ҳамлаи ҳавоии ғофилгиронае ба дохили хоки Русия кунад? Ва ин гап гапи ман нест”.
Баъдан Путин аз Карлсон пурсид, ки ин як шоуи телевизионӣ аст ва ё ӯ мехоҳад гуфтугӯи ҷиддие сурат гирад?
Дар ҷавоб ба ин суоли Путин Карлсон қоҳ-қоҳ хандид ва гуфт, беҳтар аст як сӯҳбати ҷиддӣ шавад.
Сипас Путин дар ҳудуди ним соат дар бораи таърихи шарқи Аврупо ва ташкилёбии Русия дар қарни нӯҳуми мелодӣ муфассал суҳбат кард. Ҳамчунин далелҳои зиёде оварда, иддао кард, ки “бахшҳое аз хоки Украина мутаалиқ ба Русия буду ҳаст”. Ҳамчунин бо овардани чандин “факту санади таърихӣ ва амниятӣ” ҳамла ба хоки Украинаро низ тавҷеҳ карданӣ шуд.
Аз ҷумла дар мавриди ҷанг бо Украина Путин гуфт, ки “ба ҳадафҳои гузоштаи худ нарасидааст”. Ҳадафи асосӣ, “денатсификатсия”, ба бовари Путин, то ҳол ҷомаи амал напӯшидааст. Тақсири ба ин ҳадафи худ нарасиданашро гуноҳи Зеленский номид ва ӯро барои пуштибонӣ ва ҳимояи идеологияи фашизм сарзаниш кард.
Путин дар ҷараёни мусоҳиба нусхаҳои санадҳо аз бойгониҳои таърихиро дар як папка оварда, боисрор ба Такер Карлсон пешниҳод карданӣ шуд, вале журналисти амрикоӣ гуфт, ӯ намефаҳмад, ки ин санадҳои чандсад соли пеш ба қарори ду сол пеши Путин барои сар кардани ҷанг ба зидди Украина чӣ рабт доранд?
Дар робита ба таблиғоти кишварҳои узви паймони ҳарбии НАТО, ӯ сиёсатмадорони аврупоиро муттаҳам ба дурӯғпаҳнкунӣ (фейк) кард ва аз ҷумла тарсондани ҷомиаи ҷаҳонӣ бо инро, ки Русия имрӯзу пагоҳ ба Полша ва Латвия ҳамла мекунад, пурра гапи беасос хонда, таъкид кард, ки кишвараш танҳо дар як ҳолат ба Полша, Латвия ва ё ҳар кишвари дигар ҳамла хоҳад кард, ки агар ин ё он кишвар ба хоки Русия ҳамла кунад. Путин гуфт, ки дар солҳои аввали президентиаш ҳатто кӯшиш кардааст, то Русия низ узви НАТО шавад, вале ҷавоби рад гирифтааст.
Путин аз пуштибонии иқтисодӣ ва низомии Амрико аз Украина дар рафти ҷанг изҳори таассуф карда, ба ҳукумати Амрико маслиҳат дод, ки беҳтар мешавад ба ҷои кумаки молӣ ба Украина мушкилоти дохилии мардуми Амрикоро ҳал кунад. Аз ҷумла мушкилот бо паноҳҷӯён ва қарзи берунаи Амрикоро, ки ба 33 триллион доллар наздик шудааст.
Ҳамчунин Путин аз таркондани хатти лӯлаи газии Русия бо номи “Северный поток” дар баҳри Балтика низ ёдовар шуда , ишора ба даст доштани истихбороти кишварҳои Ғарб кард.
Дар масъалаи пеш нарафтани гуфтушунидҳои сулҳ байн Русия ва Украина, Путин сарвазири собиқи Британияи Кабир, Борис Ҷонсонро муттаҳам кард. Ӯ ёдовар шуд, ки дар “нишасти Истанбул” ҷонибҳо барои расидан ба сулҳ қариб наздик шуда буданд, вале Ҷонсон гӯё аз Украина хостааст, ки ба ҷанг идома диҳад. Дар натиҷа Зеленский фармон дар бораи манъи музокирот бо Русияро имзо кард.
Карлсон аз тақдири ояндаи ҳамкори худ, рӯзноманигори “The Wall Street Journal” Эван Гершкович, ки дар Русия ба ҷосусӣ айбдор мешаваду ҳоло дар маҳкама аст, пурсид. Путин ишора кард, ки Русия омода аст ин шаҳрванди амрикоиро озод кунад, ба шарте, ки “истихбороти Амрико дархости истихбороти моро ба назар гиранд. Аз ҷумла як шаҳрванди ватандӯсти Русия дар як кишвари муттаҳиди Амрико ба таври ноодилона ба ҳабси абад маҳкум шудааст ва ӯ бояд озод карда шуда ва ба Русия баргардонида шавад”.
Бино ба гуфтаи расонаҳо Путин Вадим Красиков (Соколов)-ро дар назар дорад, ки дар Олмон дар августи соли 2019 дар рӯзи равшан дар боғи фароғатӣ собиқ қумандони саҳроии чичентабор, Зелимхон Хангишвилиро бо амри “ФСБ”-и Русия бо зарби ду тир кушта буд.
Путин дар мавриди муносибати хуб доштанаш бо роҳбарони Амрико низ нақл кард. Путин гуфт, ки аз байни роҳбарони собиқи Амрико дар даврони президентиаш бо Ҷорҷ Буши хурдӣ ва Доналд Трамп муносибати ҳасана доштааст.
Дар мавриди раисҷумҳури кунунии Амрико, Ҷо Байден Путин гуфт, ки ҳатто дар ёдаш нест, ки охирин маротиба кай бо Байден сӯҳбат карда буд.
Такер Карлсон гуфтааст, ки мехоҳад бо президенти Украина Владимир Зеленский низ чунин як мусоҳиба анҷом диҳад. Посухи Киев ба ин дархост ҳанӯз рӯшан нест.
Дар ҳамин ҳол, Маргарита Симонян, яке аз мубаллиғони асосии Путин ва Кремл тасмими аз мақомаш барканор кардани фармондеҳи артиши Украина генерал Залужнийро бо мусоҳибаи Карлсон бо Путин иртибот дода, гуфтааст, Зеленский бо хабари барканории фармондеҳи артишаш мехост ғулғулаи ин мусоҳиба бо Путинро кам бикунад.
Шакли пурраи мусоҳибаи Путин бо Карлсон ба забони русӣ дар сомонаи расмии Кремл ва каналҳои таблиғотии Русия низ нашр шудааст:
Россия силоҳи атомии фаъол дорад, садҳо намуд яроқу аслиҳа, ҳавопаймову қоррапаймоҳои ҷангӣ, киштии кайҳонӣ, нафту газу ҷангал ва 18-миллион километри квадратӣ сарҳади давлатӣ бо 150-миллион аҳолӣ дорад. Ҳаргиз ҳам зери султаи мустамликадорон набудааст, садҳо ҷангу даҳҳо инқилобу солҳо гуруснагиву ташнагиро аз сар гузаронидааст. Мо тоҷикон ягон чизи дар боло зикр шударо надорем, аммо гӯши фалакро кар кардаем, ки тамоми Осиёи Марказӣ аз мост!