ИШТИБОҲИ ЗЕЛЕНСКИЙ Ё..? БАРКАНОРИИ ГЕНЕРАЛ ЗАЛУЖНИЙ АЗ МАҚОМИ ФАРМОНДЕҲИ АРТИШИ УКРАИНА (ВСУ)
Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 7-уми феврали соли 2024 дар суханронии телевизионии худ дар 715-умин рӯзи ҷанг бо Русия эълон кард, ки ӯ фармондеҳи артиши Украина (ВСУ) генерал Валерий Залужнийро аз вазифа сабукдӯш кардааст. Барканории генерали дар байни мардум ва ҳарбиёни украинӣ обрӯманд дар остонаи солгарди дуюми ҷанги пурқурбониву харобиовари Русия ба зидди Украина ва дар пасманзари сарусадоҳо дар бораи ихтилофи назари байни президент Зеленский ва генерал Залужний ва ҳатто рашки сиёсии президент ба генерали аршадаш сурат гирифт.
Ҳангоме ки Зеленский барканории Залужнийро эълон мекард, ӯ ба чандин нуктаи заъфи артиш ишора намуда, ёдовар шуд, ки соли гузашта “артиш дар ҳамлаи ҷавобии тобистонӣ дар ҷабҳаи ҷанубӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ гардид”. Дар идомаи сӯҳбаташ Зеленский афзуд, ки ба ҷои Залужний ӯ фармондеҳи қӯшунҳои хушкигард, генерал-полковник Александр Сирскийро фармондеҳи ВСУ таъйин кардааст.
Ба гуфтаи президенти Украина, генерал Сирский “аз таҷрибаи бои дифоӣ бархӯрдор буда, маҳз ӯ нақшаи амалиёти мудофиаи Киевро тарҳрезӣ карда буд”. Дар баробари ин, ба гуфтаи Зеленский, Сирский ҳамчунин дар санъати таҳоҷумӣ низ қобилияти воло дошта, малакаи худро дар рафти амалиёти озодсозии Харков ба намоиш гузошта буд.
Бинои ба гуфтаи Зеленский, ӯ пеш аз суханронии худ бо Залужний сӯҳбат дошт ва аз генерал хостааст, ки “дар оянда низ дар тими ӯ боқӣ бимонад”.
Дар мавриди ин вохӯрӣ Залужний низ дар саҳифаи Телеграми худ хабар дода, навиштааст, ки дар мулоқот бо раисҷумҳур “масъалаи ҷиддӣ ва заруриро баррасӣ кардааст”. Вале Залужний дар ин бора, ки дар оянда дар тими Зеленский боқӣ хоҳад монд ё на?, чизе мушаххас нагуфтааст.
Пас аз суханронии президент ва эълони барканории Залужний аз мансаб, сомонаи расмии вазорати дифои Украина фармони барканории Залужний ва таъйин шудани Александр Сирскийро нашр кард.
Вазири мудофиаи Украина Рустам Умаров дар робита ба барканории Залужний навиштааст, ки “Валерий Залужний кори аз ҳама вазнинтарин – роҳбарии артиши Украинаро дар замони ҷанги бузург бо Русия ба дӯш дошт … Вале ҷанг якрангу якмаром боқӣ намемонад … ҷанг тағйирот мехоҳад. Дар соли 2024 бисёр чизҳо иваз мешаванд ва ин аз мо роҳбурд ва стратегияи нав талаб мекунад ва мо бояд ба ин ҳама омода бошем…”
Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 29-уми январи соли равон расонаҳо хабар дода буданд, ки Зеленский Залужнийро аз вазифа барканор кардааст, вале мақомҳои украинӣ хабарҳо дар ин мавридро рад намуда буданд.
“The Washington Post” рӯзи 3-юми феврали 2024 бо такя ба манобеи худ аз дохили Кохи сафед гузориш дод, ки дастгоҳи президенти Украина мақомоти Амрикоро огоҳ кардаанд, ки генерал Валерий Залужнийро аз вазифаи фармондеҳи артиш сабукдӯш мекунанд. Дар навбати худ, бино ба гуфтаи ин рӯзнома, мақомоти амрикоӣ ин пешниҳоди Зеленскиро на пазируфтаанд ва на ба он мухолифат кардаанд.
Бино ба иттилои ин рӯзнома, сабаби аз вазифа рафтани Залужний ихтилофи назар дар байни фармондеҳ ва сарфармондеҳ дар робита ба шеваи мобилизатсия, яъне ба ҷанг сафарбар кардани наздик ба ним миллион нерӯи нав сар задааст.
Манбаъ гуфтааст, ки “Залужний пешниҳод намудааст, ки барои тағйир дар майдони ҷанг ба 500 ҳазор нерӯи нав эҳтиёҷ дорад. Ӯ тактикаи русҳо дар соли 2024-ро хатарнок барои артишаш дониста, тахмин задааст, ки талафот дар соли 2024 низ баробар ба соли гузашта мешавад.
Вале ин пешниҳоди Залужний ба Зеленский писанд наомадааст ва зимни ҳамин баҳс президент гуфтааст, ки аз ин рӯ пас ту дигар фармондеҳи артиши Украина нестӣ”.
Шуморе аз сиёсатшиносони украинӣ бар ин боваранд, ки аз вазифа барканор кардани Залужний як хатоии бузурги Зеленский аст. Онҳо мегӯянд, ки Зеленский бо дастони худ барои худ дар ояндаи наздик як рақиби пуриқтидори сиёсӣ сохта истодааст.
Ин таҳлилҳои коршиносон беасос нест. Дар моҳи декабри соли 2023 Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷомеашиносии Киев зимни як назарсанҷӣ муайян намуд, ки 88% аҳолии Украина ба генерал Валерий Залужний боварӣ доранд. Аммо дар ҳамин ҳол танҳо 62% мардуми Украина ба Зеленский боварӣ доштаанд.
Мизони боварии мардуми Украина ба призиденти ин кишвар дар соли 2022 ба 84% баробар буд, вале бо гузашти ҳамагӣ як сол маҳбубияти Зеленский дар ҷомеаи Украина ба таври чашмрас коҳиш ёфт.
Дар мавриди эҳтимоли барканории Залужний аз ҷониби Зеленский 72% раъйи манфӣ додаанд ва танҳо 2% аз он пуштибонӣ кардаанд. Ин ҳам нишон аз он медиҳад, ки обрӯи генерал Валерий Залужний дар ҷомеаи Украина хеле болотар аз обрӯ ва нуфузи президент Зеленский шудааст.
Тибқи ин назарсанҷӣ, бо вуҷуди бебарор анҷом ёфтани ҳамлаи ҷавобии артиши Украина дар тобистони соли 2023 ва шикаст дар ҷабҳаи Бахмут, то ҳол 96% украиниҳо ба пирӯзии артиши Украина таҳти фармондеҳии Залужний боварӣ доранд.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои ғарбӣ, “генерали коркушта ва қумандони саҳроӣ, ки артиши дувуми ҷаҳонро торумор намуда, онҳоро аз остонаи пойтахти Украина маҷбур ба ақибнишинӣ кард ва бо вуҷуди дар майдони ҷанг дасти боло доштани русҳо заминҳои зиёдеро бозпас гирифт, ба як устура ва қаҳрамони миллии Украина мубаддал шудааст. Маҳз ҳамин шуҳрат ва маҳбубияти Залужний дар дохил ва хориҷи Украина боиси рашки Зеленский гардидааст”.
Фармондеҳи нави артиши Украина, ба навиштаи “The Washington Post”, дар байни низомиёни Украина аз обрӯ ва нуфузи назаррасе мисли Залужний бархӯрдор нест. “Аксарии низомиён Сирскийро ҳамчун “фармондеҳи типи шӯравӣ” тасаввур мекунанд ва инро, ки ӯ низомиёнро дар ҷабҳаи Бахмут муддати тӯлонӣ зери оташи русҳо нигоҳ дошту амри ақибнишиниро содир накард, хуш надоранд”, навиштааст ин нашрияи амрикоӣ.
Александр Сирский соли 1965 дар деҳаи Новинкии вилояти Владимири Русия таваллуд шуда, ҳагӯз дар замони Шӯравӣ омӯзишгоҳи олии фармондеҳии умумии Маскавро хатм намудааст. Соли 1996 ӯ Академияи Қувваҳои мусаллаҳи Украина ва соли 2005 Академияи миллии мудофиаи Украинаро низ ба итмом расонидааст.
Генерал Сирский соли 2014 ба вазифаи муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина интихоб шуда, дар ин вазифа масъули ҳамкории артиши Украина бо НАТО низ буд.
Бо шурӯи даргириҳои мусаллаҳона дар шарқи Украина ӯ аввал муовин ва сипас фармондеҳии амалиёти зиддитеррористӣ дар вилоятҳои Луҳанск ва Донетскро ба ӯҳда дошт ва соли 2019 фармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Украина таъйин шуд. Дар феврали соли 2022 амалиёти мудофиаи Киевро роҳбарӣ мекард ва барои ин, ки нирӯҳои Русияро аз остонаи пойтахти Украина пас гардонд, бо унвони олии “Қаҳрамони Украина” сарфароз гардонида буд.
Генерал Сирский оиладор ва соҳиби як писари болиғ бо номи Александр аст.
Бино ба гуфтаи худи Сирский, ӯ дар як шабонарӯз ҳамагӣ чоруним соат хоб мекунад.