Додгоҳи ноҳияи Киржачи вилояти Владимири Русия рӯзи 7 феврали соли 2024 як шаҳрванди Ӯзбекистонро бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия дар расондани осеби вазнин ба саломатии як муҳоҷири тоҷик бо истифода аз корд гунаҳкор шинохта, да ду соли маҳбаси низомаш умумӣ маҳкум кард. Хадамоти матбуоти додгоҳҳои вилояти Владимир хабар дод, ки ин ҳукм ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст.
Ин ду муҳоҷири тоҷику ӯзбек барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи додгоҳ, ҳодиса 25 августи соли 2023 дар соатҳои шомгоҳӣ рух додааст. Ҳарду муҳоҷир дар сохтмони як хона дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Киржач кор мекарданд. Он бегоҳ ҳангоми нӯшидани машрубот байни онҳо баҳси лафзӣ бархоста, ба занозанӣ печидааст. Муҳоҷири ӯзбек баъди ин ба дохили он бинои сохтмонаш нотамом, ки ҳарду муваққатан дар онҷо зиндагӣ мекарданд, даромадааст. Вале муҳоҷири тоҷик аз пасаш ба хона даромада, ба баҳс идома додааст. Ва муҳоҷири ӯзбек, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошт, аз ҳиссиёти бадбинӣ нисбат ба ҷабрдида аз рӯи миз кордро гирифта, ба шикам ва қафаси синаи ӯ зарба задааст. Дар натиҷа, муҳоҷири тоҷикро бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Бино ба гузориши хадамоти матбуоти додгоҳҳои вилояти Владимир, дар ҷараёни мурофиа муҳоҷири ӯзбек гуноҳро ба гардан гирифта, аз кори кардааш изҳори пушаймонӣ кардааст ва додгоҳ бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда ва набудани ҳолатҳои вазнинкунанда ӯро танҳо ба ду соли зиндон маҳкум кардааст. Қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия барои расондани осеби вазнин ба саломатӣ ҳамчун ҷазо то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бино ба омори ғайрирасмӣ, ҳар сол беш аз як миллион нафар аз сокинони Тоҷикистон ва беш аз ду миллион аз сокинони Ӯзбекистон дар ҷустуҷӯи кор ба Русия мераванд. Муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар бисёр ҷойҳо, ба вижа дар сохтмонҳо якҷоя кор мекунанд ва ҳар сари чанд вақт аз гӯшаҳои гуногуни Русия дар бораи муноқишаҳо ва занозаниҳо байни муҳоҷирон аз ин ду кишвари таъминкунандаи асосии бозори кори Русия бо нирӯи корӣ хабарҳо ба даст мерасанд.
Ноҳияи Киржач тақрибан 40 ҳазор аҳолӣ дошта, дар вилояти Владимир, дар водиҳои байни теппаҳои Клину Дмитров (Клинско-Дмитровская гряда) ҷойгир гардида, аз ҷануб ва шарқ онро ҷангалистонҳои бузург иҳота кардаанд. Ин ноҳия дар тақрибан 100–километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав ва 110–километрии ғарби маркази вилоят, шаҳри Владимир ҷойгир шудааст.
Номи ин минтақа бо он маъруф аст, ки кайҳоннаварди нахустини ҷаҳон Юрий Гагарин 27 марти соли 1968 маҳз дар наздикии шаҳри Киржач ҳангоми анҷоми парвози тамринӣ ба ҳалокат расид. Дар маҳалли марги Гагарин лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.
Ҳоло дар Киржач сохтмони манзилҳо хеле авҷ гирифтааст. Дар ин ҷо, бахусус дар сохтмон садҳо муҳоҷири корӣ аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистону Ӯзбекистон кор мекунанд.