ВидеоДин ва боварҳоҲодиса

СОКИНИ 74-СОЛАИ МАҲАЛЛАИ “ЯКУМИ МАЙ”-И КӮЛОБ БА СЕҲРУ ҶОДУ ВА ФОЛБИНӢ АЙБДОР МЕШАВАД (2 АКС)

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 7 феврали соли 2024 бо нашри ду акс аз боздошти як сокини 74-солаи маҳаллаи “Якуми май”-и шаҳри Кӯлоб бо иттизоми фолибинӣ ва ҷодубарорӣ хабар дод. Дар аксҳои нашркардаи милитсияи Хатлон, дар паҳлуи марди дастгиршуда кордҳо, чандин корду қуфлу тасбеҳу оина, пораҳои оҳани арматура ва ҳатто қанди сафед, ҳамчунин  бакляжка (зарф)-ҳои об ва тӯмору таштоби зиёде дида мешаванд, ки ин нафар гӯё барои фолкушоӣ ё баровардани ҷоду истифода мебурдааст.

Худи марди дастгиршудаа ваё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Хатлон дар иттилоияаш гуфт, “дар доираи баргузории як чорабиниии оперативӣ шаҳрванд Файзуллоев Раҳматулло, санаи таваллудаш 14.02.1950,  сокини маҳаллаи “1-уми май”-и шаҳри Кӯлоб дар хонаи истиқоматиаш ҳангоми машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. Тавре зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, дастгиршуда Раҳматулло Файзуллоев худро ҳамчун фолбину ҷодубарор муаррифӣ намуда, давоми 5 соли охир ба ин кор машғул будааст. Маълум карда шуд, ки дар асл номбурда танҳо ба хотири манфиатҳои шахсӣ барои ба даст овардани маблағҳои пулӣ даст ба ин кирдори мардумфиребона мезадааст”.

Дар иттилоия ҳамчунин гуфта мешавад, ки “вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба дастгиршуда Раҳматулло Файзуллоев барои амалҳои мардумфиребонааш парвандаи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба додгоҳи шаҳри Кӯлоб ирсол гардидааст”.

Моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро пешбинӣ кардааст. Дар сурати дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани айни кирдор ҷаримаи сахттар: ба андозаи аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқарррар карда шудааст. Як ҷарима нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2024 72 сомониро ташкил медиҳад.

Милитсияи Хатлон дар иттилоияаш машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро “амалҳои мардумфиребона ва ғайриқонунӣ” номида, гуфтааст, ки “таассуфовар аст, ки новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ боз шаҳрвандоне пайдо мешаванд, ки ба чунин афроди қаллоб чун “ҳоҷатбарори кори хеш” бовар намуда, аз ҷодугарону фолбинҳо дармони дард меҷӯянд ва беҳуда молу ашёи рӯзгор ва маблағҳои калонро аз даст медиҳанд”.

Дар иттилоия таъкид шудааст, ки “имрӯз илму донишҳои тиббӣ дар сатҳи зарурӣ тараққӣ ва ташаккул ёфтааст. Шаҳрвандонро мебояд аз чунин афроди ҷодугару фолбин дурӣ ҷуста, ба амалу рафтори онҳо бовар накунанд!!!” Дар Тоҷикистон аз соли 2006 фолбинӣ ва сеҳру ҷоду қонунан манъ карда шуда, барои он дар қонунгузорӣ ҷазоҳои маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Вале аксари онҳое, ки ба чунин кор машғул буданд, худро дар вазорати тандурустӣ ҳамчун “табиби халқӣ” сабти ном карда, ҳамчунон ба корашон идома медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button