ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодисаҶомеа
САФИЯХОНИ ДАҲСОЛА ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНАШ КУМАК КУНЕД!
Сафияхони даҳсола рӯзи 7 феврали соли 2024, тақрибан соати 13:30 дар наздикиҳои боғи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд гум шудааст. То поёни нимаи аввали рӯзи 8 феврал Сафияхон ҳанӯз ёфт нашуда буд.
Аз ҳамаи онҳое, ки ин духтарчаро дар ягон ҷо дидаанд ваё дар бораи дар куҷо буданаш маълумот доранд, хоҳиш мекунем, ки фавран ба ин рақам занг бизанед:
+992 93 408 55 54
Умедворем ва дуо мекунем, ки ин духтарчаи маъсум сиҳату саломат аст ва бо кумаки Шумо ба назди наздиконаш бармегардад.
Худованд фарзандони ҳамаи моро дар паноҳи худ нигоҳ бидорад!