ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПИРӮЗИИ МУТЛАҚИ ИЛҲОМ АЛИЕВ ДАР НАХУСТИН ИНТИХОБОТИ БАЪДИ БА ДАСТИ ОЗАРБОЙҶОН БАРГАШТАНИ ВИЛОЯТИ ҚАРОБОҒ

Рӯзи 7-уми феврали соли 2024 дар Озарбойҷон, як ҷумҳурии собиқи Шӯравии воқеъ дар минтақаи Қафқози ҷанубӣ, интихоботи президентии пеш аз муҳлат ва амалан бидуни рақобат баргузор гардид, ки бино ба натиҷаҳои расмии эълоншуда, раисҷумҳури кунунӣ Илҳом Алиеви 62-сола бо касби зиёда аз 92% овозҳо  ғолиби интихобот ва инак барои бори панҷум президенти ин кишвари саршор аз конҳои нафту газ эълон шуд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботии Озарбойҷон, ки 8-уми феврал нашр намуд, Илҳом Алиев 92,05 фоиз ва номзаде, ки ҷои дуюмро гирифт, Зоҳид Оруҷ ҳамагӣ 2,19% овоз гирифтааст. Ҳамин тавр боқимонда “рақибони” Алиев дар ба даст овардани курсии президентӣ, Фозил Мустафо 2%, Қудрат Ҳасангулиев 1,76%, Розӣ Нуралиев 0,8%, Элшод Мӯсоев 0,67% ва Фуод Алиев 0,53% раъй гирифта, дар “рақобат” шикаст хӯрдаанд.

Вале мухолифони Алиев иштирок дар интихоботро таҳрим намуда, ин интихоботро “масхара” ва “театр” номиданд. Чун дар рафти барномаҳои пешазинтихоботӣ ҳамаи номзадҳои зикршуда аз интиқоди Илҳом Алиев худдорӣ намуда, ҳатто ба таърифу тавсифи ӯ машғул шуданд. Алиев бошад, бо ғурур ва дили пур  чандон дар корзори интихоботӣ фаъол набуд ва дар ягон баҳси байни номзадҳо низ иштирок накард.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи коршиносон ҳамаи номзадҳои дар муқобили Алиев сабтиномшуда “номзадҳои кисагӣ” буда, бо тавсия ва маслиҳати Дастгоҳи президенти Озарбойҷон дар интихобот иштирок кардаанд ва вазифаашон танҳо гӯё алтернативӣ ва гӯё пуррақобат нишон додани ин маърака буд. Баръакси ин мақомоти озарӣ, ба роҳбарияти ҳизбҳои мухолифи “Мусовот” ва “Ҷабҳаи халқии Озарбойҷон” фишор овардаанд, ки дар натиҷа ин ду ҳизб аз иштирок дар интихобот худдорӣ карданд.

Мақомоти Озарбойҷон нозирони Шӯрои Аврупоро  барои назорати интихобот ба даъват накарданд ва ҳатто ба нозири Дафтари ниҳодҳои демократии САҲА, ки дар фурудгоҳи Боку фуруд омада буд, раводид барои вуруд ба кишвар надоданд.

Бо вуҷуди дар як шароити бе рақобат, бо иштироки танҳо “номзадҳои киссагӣ” ва бе ҳузури нозирони мустақил гузаштани интихоботи президенти Озарбойҷон, расонаҳо боз ҳам аз мавридҳои тақаллубу тахаллуфи овозҳо ба нафъи Алиев гузориш доданд.

Ин нахустин интихоботи президентӣ дар Озарбойҷон баъди вилояти Кӯҳистони Қаробоғро аз дасти ҷудоиталабони арманӣ пас гирифтани артиши ин кишвар буд ва нозирони мустақил мегуфтанд, ки баъди ин пирӯзӣ рейтинги Илҳом Алиевдар чашми мардумаш он қадар боло рафта буд, ки ҳатто агар интихоботи дар воқеъ пуррақобату озод ҳам барпо мекард, ягон номзади дигар дар муқобили ӯ шанси ғалаба надошт.

Интихоботи пеш аз мӯҳлат дар Озарбойҷон низ ба муносибати ба зери назорати Боку баргаштани минтақаи Қарабоғ доир гардид. Дар асл интихоботи навбатии президенти Озарбойҷон мебоист соли 2025 сурат мегирифт, вале Алиев гуфт, акнун, ки Озарбойҷон тамоми сарзаминҳояшро сарҷамъ кард, бояд ҳамчун рамзи якпорчагии Озарбойҷон интихоботи пеш аз муҳлат доир шавад.

Илҳом Алиев ҳатто барои овоздиҳӣ махсус ба пойтахти Қаробоғ рафт, ки арманиҳо Степанакерт меномиданд, вале ҳоло номашро ба Хонкандӣ иваз кардаанд.

Алиев в Карабахе

Алакай роҳбарони чандин кишвар, аз Туркия, Эрон, Чин, Венесуэла, Беларус, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигарон Илҳом Алиевро бо пирӯзӣ табрик кардаанд.

Илҳом Алиев дар байни президентҳои СНГ баъди Эмомалӣ Раҳмон, Александр Лукашенко ва Владимир Путин, ки мутаносибан 32, 30 ва 24 сол боз дар сари қудратанд, чорумин президенти аз ҳама дарозумр дониста мешавад.

Илҳом Алиев, ки 24 декабри соли 1961 ба дунё омадааст, соли 2003, вақте ки ҳамагӣ 42 сол дошт, ба қудрат расид ва инак беш аз 20 сол боз президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Ӯ ин курсиро аз падари худ Ҳайдар Алиев ба мерос гирифта буд. Ҳайдар Алиев дар солҳои Шӯравӣ муддати тӯлоние ба ҳайси котиби якуми ҳизби коммунист раҳбари аввали Озарбойҷон буд ва соли 1993 боз ба раёсати кишвар нишаста, то дами маргаш 10 соли дигар бар ин кишвар раҳбарӣ кард.

Илҳом Алиев дар солҳои 2008, 2013 ва 2018 такрор ба такрор дар интихоботҳои президентӣ ғолиб эълон шуда, то ба ҳол зимоми қудратро дар даст дорад.

Мухолифони Алиев бар он назаранд, ки Илҳом Алиев ба мисли падараш Ҳайдар Алиев писари худ Ҳайдар Алиеви хурдиро ба мақоми президентӣ омода карда истодааст. Ҳайдар Алиеви хурдӣ 3 августи соли 1997 ба дунё омада, феълан 26 сол дорад. Илҳом Алиев ду духтари дигар: Лайло ва Орзу дорад. Лайло Алиева имсол ба синни 40 мерасад ва Орзу Қурбонова 35 сол дорад. Илҳом Алиев соҳиби 5 набера ҳам ҳаст, ки се наберааш меваи издивоҷи Лайло Алиева бо шавҳари собиқаш овозхони шинохта Эмин Оғоларов (Агаларов) мебошанд.

Ин ҳам лозим ба гуфтан аст, ки ноиби президенти Озарбойҷон Меҳрубон Алиева, ҳамсари Илҳом Алиев мебошад.

По следам азербайджанского султана: расследование о том, как семья Алиева  обосновалась в Подмосковье
Оилаи Илҳом Алиев

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Олӣ навиштай ака. Як ҷаҳон ташаккур!!!

    Диктаторум боша ячи озарора ғурурушонра да пеши армано боло бардошт.

    У фасодкори оилаш бо зану дхтарош гапи дигар.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button