ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ 30 АДАД СИЛОҲИ САРД ДАР ДУШАНБЕ ТАНҲО ДАР ДАВОМИ МОҲИ ЯНВАР

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 8 феврали соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук аз мусодираи 30 адад силоҳи сард дар пойтахти Тоҷикистон танҳо дар давоми моҳи январи соли ҷорӣ хабар дод. Ин силоҳҳои сард дар идомаи амалиёт бо номи шартии “Корд”, ки дар Душанбе инак 7 сол боз идома дорад, асосан аз дасти наврасону ҷавонон мусодира карда шудаанд.

Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, дар натиҷаи баргузории амалиёти “Корд” дар давоми моҳи январи соли 2024 аз ноболиғону ҷавонон дар маҷмуъ 30-адад силоҳи сард, аз ҷумла 26 адад кордҳои гуногун, 2 кастет ва 2 чӯбдаст (бита) мусодира карда шудаанд.

“Аз ҷониби кормандони милится бо ин наврасону ноболиғон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, оқибатҳои фоҷеабори бо худ гардонидани силоҳи сард ва истифода аз он фаҳмонида шуданд. Ҳамзамон нисбати волидайни онҳо барои бемасъулиятӣ зоҳир намудан тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи пойтахт. Ба ин волидон барои саҳлангорӣ дар тарбияи фарзандон ҷарима ба андозаи аз 216 то 360 сомонӣ таҳдид мекунад.

Вобаста ба ин, милитсия  бори дигар аз кулли шаҳрвандон, махсусан волидайн ва он нафароне, ки наврасон зери тарбияи онҳо қарор доранд,  талаб кард, “нисбат ба таълиму тарбия ва амалу рафтори наврасон масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, нагузоранд, ки онҳо вақти пурқиммати худро бесамар сипарӣ намоянд”.

Мақомот бар инанд, ки гарчанде баргузории амалиёти “Корд” дар ин чанд сол натиҷаҳои назаррас ба бор оварда бошад ҳам, вале то ҳол мушоҳида мегардад, ки “баъзе аз ноболиғон аз бепарвоӣ ва бемасъулиятии волидайни худ истифода намуда, бо худ корд ва дигар намудҳои яроқи сардро мегардонанд, ки ин амали онҳо метавонад бо оқибатҳои вазнин анҷом ёбад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари маврид маҳз дар натиҷаи бо худ доштани корд ҳангоми муноқишаҳои гурӯҳӣ ноболиғону ҷавонон аз он истифода бурда, ба нафарони дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидаанд”.

Дар навори ахбори ҷиноии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи бо силоҳи сард кушта шудани шаҳрвандон, аз ҷумла ноболиғон низ кам нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button