ҲАМАГӢ 53 СОЛ ДОШТ… ДАРГУЗАШТИ ПРОФЕССОР ҚУТБИДДИН МУХТОРӢ
Донишманди тоҷик профессор Қутбиддин Мухторӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор ва устоди риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шоми 7 феврали соли 2024 баъди як бемории кӯтоҳ дар синни ҳамагӣ 53 аз олам чашм пӯшид.
Зафар Аскар, аз ҳамкорони марҳум дар Донишгоҳи миллӣ хабар дод, ки маросими видоъ бо Қутбиддин Мухторӣ рӯзи 8 феврал, соати 12 дар назди хонаашон дар суроғаи кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 36/2, воқеъ дар пушти бинои ҳкумати ноҳияи Фирдавсӣ баргузор мешавад. Ба иттилои Зафар Аскар, намози ҷанозаи марҳум низ рӯзи 8 феврал, соати 13 дар вақти намози пешин дар масҷиди марказӣ (собиқ муфтиёт) хонда мешавад.
Пайвандони Қутбиддин Мухторӣ хабар доданд, ки ӯ ҳамагӣ як рӯз бемор шуд.
“Қутбиддин Мухторӣ ҳамагӣ як шабонарӯз дар шуъбаи бемориҳои қалб ё кардиологияи беморхонаи Қарияи боло (маркази миллии тиббии “Шифобахш”) бистарӣ шуда, рӯзи 7 феврал, тақрибан соати 17 дар ҳамин беморхона аз олам чашм пӯшид. Ба эҳтимоли зиёд, Қутбиддин Мухторӣ аз сактаи қалб даргузашт”, – хабар додаанд пайвандони марҳум ба “Азия-Плюс”.
Қутбиддин Мухторӣ 28-уми ноябри соли 1970 дар Панҷакент ба дунё омада, соли 1987 мактаби миёнаи №19-и зодгоҳаш ва соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ ҳамчунин фориғуттаҳсили курси дусолаи Донишгоҳи Стокголм бо ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.
Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998, инак 26 сол боз дар риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ дарс мегуфт. Соли 2002 рисолаи номзадӣ ва соли 2023 рисолаи докториашро дифоъ карда, сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ шуда буд.
Ӯ соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани риштаи журналистика, солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти ин кафедра ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти риштаи журналистикаи ДМТ буд.
Даҳҳо нафар дар зери хабари марги Қутбиддин Мухторӣ аз рафтани донишманде чунин пуркор ва инсоне ин қадар хоксору заминӣ ҳайдареғ гуфта, ба наздикони ӯ таслият баён кардаанд.
Равонашон шод ва охираташон обод бод!