БОЗ СЕ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Удмуртия ё Удмуртистони Русия рӯзи 8 феврали соли 2024 хабар дод, ки моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ин вазорат қарорҳо дар бораи аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани се зодаи Тоҷикистонро қабул карданд. Дар иттилоияи ВКД Удмуртия гуфта мешавад, ки ҳарсе зодаи Тоҷикистон, ки дар вақташ бо тартиби осону сода шаҳрвандии Русия ро ба даст оварда буданд, ба далели даст заданашон ба ҷиноят, мушаххасан ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шуданд. Яке аз онҳо, ки ҳоло 55 сол дорад, ҳанӯз соли 2004, яъне 20 сол пеш шаҳрванди Русия шуда, дуи дигар: ҷавони 27-сола ва ҷавонзани 24-сола тоза соли 2022 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда будаанд.
Ин ҷавони 27-солаи зодаи Тоҷикистон, моҳи январи соли 2022 шаҳрванди Русия шуда буд, вале моҳи марти соли 2023 аз ҷониби кормандони идораи мубориза бо маводи мухаддири ВКД Удмуртистон ҳангоми дар як махфигоҳ (“закладка”) гузоштани бастаи ҳероин дастгир шуд. Аз ин махфигоҳ ва аз хонаи ин ҷавон дар умум 150 грамм маводи мухаддир ёфтанд ва бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Индустриалнийи шаҳри Ижевск, пойтахти Удмуртия, 4 октябри соли 2023 ин ҷавони тоҷик ба 3 солу 10 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.
Марди 55-солаи зодаи Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 2004 дар Удмуртистон шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд, соли 2021 бо ҳукми додгоҳи шаҳри Челябинск бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд.
Ҷавонзани 24-солаи зодаи Тоҷикистон бошад, соли 2022 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Устинови шаҳри Ижевск бо айни ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шартан маҳкум ба зиндон шуд ва додгоҳ барои ӯ 3 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар кардааст.
Акнун бо маҳрум шудан аз шаҳрвандии Русия ин ҷавонзан, ки шартан маҳкум шуда, дар озодӣ қарор дорад, бояд ба зудтарин фурсат қаламрави Русияро тарк кунад. Он ду нафари дигар баъди адои ҳукми зиндонашон бояд тарки Русия кунанд. ВКД Удмуртистон гуфт, агар ин афрод худашон мустақилона тарки Русия накунанд, маҷбуран берун карда хоҳанд шуд.
Дар Удмуртия аз қадим шумори зиёди маҳбасҳои Русия ҷойгир шудаанд. Дар маҳбасҳои ин ҷумҳурӣ садҳо тан аз маҳбусони тоҷик низ адои ҳукм мекунанд.
Дар умум шумораи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор рақам зада мешавад. Тақрибан чоряки онҳо бо ҷурмҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.
Аз 26 октябри соли 2023 дар Русия таҳрири нави қонун дар бораи шаҳрвандии ин кишвар ба иҷро даромад, ки бар асоси он, нафаронеро, ки шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, метавонанд барои даст задан ба ҷиноят, аз ҷумла барои қочоқу фурӯши маводи мухаддир аз шаҳрвандӣ маҳрум кунанд. Дар моҳҳои охир аз гӯшаҳои гуногуни Русия дар бораи аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани даҳҳо зодаи Тоҷикистон хабарҳо ба даст мерасанд. Як қисми онҳо барои даст доштан дар ҷиноятҳо аз шаҳрвандӣ маҳрум гардиданд, вале муҳоҷиронро бештар барои дар комиссариатҳо ҳарбӣ дар қайд намонданашон аз шаҳрвандӣ маҳрум карда истодаанд.
Нозирони умур бар инанд, ки бо таҳдиди маҳрум кардан аз шаҳрвандӣ, мақомоти Русия талош доранд, то шумори ҳарчӣ бештари муҳоҷиронро ба рафтан ба ҷанги зидди Украина водор кунанд. Қарори маълум, артиши Русия ба далели талафоти вазнин дар ҷанги зидди Украина ба камбуди шадиди нирӯ дучор шудааст.