СОЛИ 2023 ДАР ТОҶИКИСТОН 181 НАФАР ҒАРҚ ШУДА, 51 НАФАР ДАР ОФАТҲОИ ТАБИӢ ҶОН ДОДААНД

Бино ба омори расмие, ки рӯзи 7 феврали соли 2024 дар нишасти хабарии раҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон садо дод, тайи соли 2023 дар обҳои Тоҷикистон 181 нафар, аз ҷумла 75 кӯдаку навраси то синни 16 ва 36 зану духтар ғарқ шудаанд. Ҳамчунин дар як соли охир дар Тоҷикистон 51 нафар бар асари офатҳои табиӣ ҷони худро аз даст додаанд.
Бино ба омори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соли гузашта ҳангоми оббозӣ дар дарёву кӯлҳои Тоҷикистон 181 нафар ғарқ шудаанд, ки ин назар ба 160 ғарқшудаи соли 2022 бештар аст.
Аз 181 нафаре, ки соли 2023 ғарқ шуданд, 56 нафар дар вилояти Суғд, 56 нафар дар вилояти Хатлон, 20 нафар дар ҳудуди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), 14 нафар дар шаҳри Душанбе ва З5 нафар дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳалок шудаанд. З5 нафар аз ғарқшудагон кӯдакони синнашон то 10-сола, 40 нафараш наврасони аз 11 то 16-сола, 67 нафар аз 17 то 35-сола ва 39 нафари дигар болиғ аз синни 35 будаанд. Дар миёни ғарқшудагон З6 нафарашон занону духтарон ва 145 нафарашон писарону мардон будаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, шумораи ғарқшудагон метавонист боз ҳам бештар бошад, вале дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот 16 нафарро тавонистанд аз ғарқшавӣ наҷот диҳанд. Барои муқоиса, соли 2022 наҷотбахшон 34 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот дода буданд.
Бар асоси таҳлили Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, сабабҳои асосии ҳалокат дар об дар 25% ҳолатҳо шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ, дар 18% ҳолатҳо аз беэҳтиётӣ -18% ва дар 12% ҳолатҳое, ки кӯдакон ҷони худро аз даст доданд, ин ҳодисаҳои фоҷиавӣ ба сабаби фарзандонро беназорат гузоштани волидон рух додааст.
Дар нишасти Кумита ҳамчунин хабар доданд, ки дар давоми соли 2023 дар Тоҷикистон 557 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ сабт шудааст, ки ин назар ба 697 офати табиии соли 2022, хушбахтона, хеле камтар аст. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз ҷумла 335 ҳолати лағзиши тарма, 79 сел, 47 заминларза, 26 ҳолати резиши санг дар роҳҳо, 22 ярч, 17 ҳодисаи баланд шудани сатҳи оби дарёву каналҳо, 10 мавриди шамоли сахт ва 12 мавриди боронҳои шадид сабт шудааст.
48 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва ба аҳолӣ зарар расонида, дар 12 офати табиӣ 51 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Зарари аз офатҳои табиӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва сокинон расида дар соли гузашта 76 миллиону 770 ҳазор сомонӣ, муодили беш аз 7 миллион доллар, ва дар 4 соли охир қариб 331 миллион сомонӣ, ё беш аз 30 миллион долларро ташкил додааст. Соли 2020 иқтисоди Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ ба маблағи қариб 59 миллион сомонӣ, соли 2021 ба маблағи қариб 142 миллион сомонӣ, соли 2022 ба маблағи 53 миллион сомонӣ ва соли 2023 ба маблағи қариб 77 миллион сомонӣ, яъне 44% бештар аз як соли қабл, зарар дидаанд.


Марг дар сафару ғарибӣ ва муҳоҷират, марг аз ғарқшавӣ, садамаҳои нақлиётӣ, худкушӣ ва ғайра дар дохили ватан, маргталабӣ дар ироқу сурияву афғонистону эрон, қаблан ҳам ҷанги шаҳрвандӣ-бародаркушӣ.
Оё мо маргро “дӯст” медорем ё марг моро “дӯст” медорад?! Оё бо ҳаёт “қаҳрӣ” ҳастем ё ҳайёт бо мо “қаҳрӣ” аст? Чаро мурдан хеле осон шудааст, зистан мушкил?! Сулҳу субот, тинҷию оромӣ, серию пурӣ, ваҳдати ягонаи миллӣ, файзу баракати истиқлол ва ғайра фақат феҳристи калимаҳои сиёсӣ ва таблиғоти давлатӣ аст?!