НАҶОТИ 68 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ БАРФУ БӮРОН ДАР ШИМОЛИ ҚАЗОҚИСТОН (ВИДЕО)

Шаби 6 ба 7 феврали соли 2024 як автобус бо 68 мусофир, ааз ҷумла 14 зан ва 4 кӯдак, – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон – дар роҳи сафар аз Тоҷикистон ба Русия ба иллати барфу бӯрон дар ними роҳ дар наздикии деҳаи Оқҷар дар ноҳияи Хромтау дар вилояти Оқтеппа дар шимоли Қазоқистон дармонд. Ба чӣ нуқсони фаннӣ дучор шудани автобусро, ки ронандааш шаҳрванди Қазоқистон буд, ҳанӯз дақиқ накардаанд, вале он комилан аз ҳаракат бозмонда буд.
Ба кумаки мусофирони дар ҳавои бӯронӣ дар роҳ дармонда кормандони пулиси вилояти Оқтеппа ва ҳокими ҷамоати Оқчар расида, мусофиронро аз байни роҳ ба як макони гарм интиқол додаанд.
Ерболат Сарқулов, сардори дафтари матбуоти департаменти пулиси вилояти Оқтеппа гуфт: “Автобуси бо мусофиронаш дар шоҳроҳи Самара – Шимкент дармондаро шаби 6 ба 7 феврал кормандони ротаи пулиси пайроҳагардии вилояти Оқтеппа ҳангоми навбатдорӣ, ки ин шабу рӯз ба далели обу ҳавои номусоид шадидтар карда шудааст, пайдо карданд. Маълум шуд, ки автобусе, ки мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия мебурд, ба сабаби нуқсони фаннӣ дар наздикии деҳаи Оқҷари ноҳияи Хромтау аз роҳ мондааст”.
Сарқулов ҳамчунин гуфт, ки кормандони пулис ҳамроҳи раиси ҷамоати Оқҷар беш аз 2 соатро сарф карда, 68 мусофирро аз автобус бо нирӯи худ ба як кемпинги воқеъ дар масофаи 3 километр аз ҷои ҳодиса интиқол додаанд. Дар он ҷо мусофирони тоҷикро бо ҷои гарму хӯроки гарм таъмин кардаанд. Хушбахтона, касе аз муҳоҷирони тоҷик ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.
Дар видеои нашркардаи пулис дида мешавад, ки кӯчондани мусофирон дар шароити бӯрони хеле сахт сурат мегирад. Суръату боду барф чунон тунд аст, ки мусофирон ва ҳатто кормандони пулис бо азоб қадам мемонданд. Ин шаби рӯз дар вилояти Оқтеппа сармои сахти бӯронӣ ҳукмфармост.
Мақомоти Қазоқистон дар ҳафтаҳои охир алакай дар бораи чандин мавриди дар сардӣ дар ними роҳ дармондани муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ дар роҳи сафар ба Русия ваё бозгашт аз он кишвар хабар медиҳанд.
Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба муҳоҷират бираванд ва сипас бо ҳамин роҳ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо, албатта, арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашон бо худ ба ҳамроҳ дорад.

