ЭЙ СОРБОН, ОҲИСТА РОН! ҲАЛОКАТИ СЕ ҶАВОН ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР РОҲИ ЁВОН
![](https://i0.wp.com/www.bomdod.com/wp-content/uploads/2024/02/Ёвон-генерик.jpg?resize=780%2C470&ssl=1)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар як садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Ёвон се ҷавони синнашон 29 –сола ба ҳалокат расида, ду ҷавони дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилои ВКД, 5-уми феврали солаи 2024, тахминан соати 16:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, Тағоймуродов Ғолибҷон Холмирзоевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Рӯдакӣ ба самти ноҳияи Ёвон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори ҳимоявии канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина: Тешаев Шерхон Тоҷимуродович, соли таваллудаш 1995, Чориев Маҳмадраҷаб Юсуфович, соли таваллудаш 1995, Тағойбеков Нуралӣ, соли таваллудаш 1995, Тешаев Абдукарим, соли таваллудаш 2004 ва худи ронанда Тағоймуродов Ғ.Х., сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, мутаассифона, ҳангоми ба беморхона интиқол додан мусофирон Тешаев Ш.Т. ва Чориев М. ва ронанда Тағоймуродов Ғ.Х. ба ҳалокат расиданд.
Тафсилоти дигари садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Ёвон нашр нашудааст. ВКД гуфт, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Муттаассифона, даҳҳо тан аз қурбониёни ин садамаҳо кӯдакону наврасонанд.