ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

100 ҲАЗОР ДОЛЛАРАШРО БАРОИ ЯК МОҲ ДОД ВА ИНАК СЕ СОЛ БОЗ АЗ ПАСИ ПУЛАШ МЕДАВАД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати қаллобӣ ба маблағи хеле бузург хабар дод. Бино ба хабари нашршуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 44-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шудааст.

“Гумонбаршаванда, 26-уми июли соли 2021 бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллари амрикоиро ба муҳлати як моҳ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст”, – гуфта мешавад дар хабари ВКД.

Тафсилоти дигари ин қазия нашр нашудааст. Худи ҷонибҳои зидахл –  ҷабрдида ва нафари муттаҳам ба қаллобӣ – барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд. ВКД танҳо изофа кардааст, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ баъди дуздӣ дуюмин навъи аз ҳама роиҷи ҷиноят дар Тоҷикистон ба шумор мешавад. Ҳар сол дар ҷумҳурӣ беш аз 3 ҳазор ҳолати қаллобӣ сабт карда мешаванд ва амалан қариб ҳар ҷинояти ҳафтуми дар Тоҷикистон содиршуда ин қаллобӣ мебошад.

Вале коршиносон мегӯянд, боз ҳам омори расмӣ тамоми ҳолатҳои мавҷудаи қаллобиро дар Тоҷикистон инъикос намекунад. Дар бархе ҳолатҳо ҷабрдидаҳо муроҷиат ба мақомотро беасар шумурда, то охир кӯшиш мекунанд, ки масъаларо бо худи қаллоб ё наздиконаш ҳал кунанд. Ҳолатҳое низ ҳаст, ки кормандони мақомот аз сабти аризаи ҷабрдидаҳо аз қаллобӣ саркашӣ мекунанд. Аз ҷумла агар дар паси нафар ё нафарони муттаҳам ба қаллобӣ пуштибонҳои пурнуфуз истода бошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button