ВидеоИқтисодКоррупсия

ПАРВАНДАИ САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ 13 МИЛЛИОН СОМОНӢ АНДОЗ БА ЗИДДИ ШИРКАТИ ХОНАСОЗИИ “СИПАР”

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 6 феврали соли 2024 аз боз кардани парвандаи ҷиноятӣ ба зидди мудир ва сармуҳосиби ширкати хонасозии “Сипар Ком” бо иттиҳоми саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи махсусан зиёд хабар дод.  “Сипар Ком”  дар Душанбе чанд бинои бисёрқабата, аз ҷумла маҷтамаи истиқоматии муҳташаме дар кӯчаи Карамов дар қисмати шимолии пойтахти Тоҷикистонро бино кардааст (ДАР АКС).

Дар иттилоияи Агентӣ дар бобати аз пардохти андозҳо саркашӣ кардани ин ширкат чунин гуфта мешавад: “Сатторов А.У. дар вазифаи директори ҶДММ «Сипар Ком» ва Муминов Ҳ.Б. дар вазифаи сармуҳосиби ҳамин ҷамъият кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт дар ҳолати зерин даст ба содир намудани ҷинояти саркашӣ аз супоридани андозҳо аз шахсони ҳуқуқӣ заданд. Чунончи, номбурдагон аз 01 апрели соли 2021 то 01 сентябри соли 2023 бар хилофи талаботҳои Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, бо мақсади саркашӣ намудан аз пардохти андозҳо, манбаи андозбандишавандаро пинҳон намуда, дар ин замина бо роҳи пешниҳод кардани эъломияҳои носаҳеҳ ба Нозироти андози ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе ҷамъ ба маблағи 8 миллиону 877 ҳазору 911 сомонӣ ва бо назардошти ҷаримаву фоизҳо маблағи 13 миллиону 389 ҳазору  927 сомонӣ аз пардохти андозҳои давлатӣ саркашӣ намудаанд, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаашон ба давлат зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расониданд”.

 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Сатторов А.У. ва Муминов Ҳ.Б. бо дастрасии моддаи 292, қисми 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Тафсилоти дигари қазия дастрас нест. Масъулони ширкати “Сипар Ком” то ҳол ин иттиҳоми ба зидди онҳо эълоншударо шарҳ надодаанд. Вале ба онҳо бар асоси қисми дуюми моддаи 292 барои саркашӣ аз пардохти андозҳо ба маблағи махсусан зиёд ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 912 то 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне аз 65 ҳазор то 105 ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 8 сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба ҳамин мӯҳлат таҳдид мекунад.

Ширкати хонасозии “Сипар Ком” соли 2019 таъсис ёфта, ба сохтани биноҳои бисёрқабата дар пойтахт, шаҳри Душанбе машғул мебошад. Яке аз биноҳои машҳури сохтаи “Сипар Ком” маҷтамаи истиқоматӣ дар кӯчаи Карамов аст. Харидорон ба ин бино, ки дар нишебии кӯчаи Карамов бунёд шудааст, асосан барои манзараи Боғи ботаникӣ, ки аз тирезаҳояш менамоянд, ва ҳамчунин ба сабаби  наздик будани роҳи дараи Варзобу Сафеддара  таваҷҷуҳ нишон медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button